Дарвоз. Аз як дарахт то 300 лимӯ мегиранд

№59 (4165) 16.05.2020

lemons-scaledФаъолияти кормандони минтақаи илмӣ — таҷрибавии дашти Роғаки Институти биологии Помир ба рушди парвариши меваҳои сит­русӣ дар ин минтақа мусоидат менамояд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар самти парвариши лимӯ, афлесуну мандарин ва анору анҷир корҳои назаррас иҷро шуд. Ба гуфти сарвари ин муассисаи илмӣ — озмоишӣ, доктори илмҳои кишоварзӣ Амиршо Маҳрамов, солҳои охир бо кумаки олимони табиатшинос дар деҳоти «Нулванд», «Қалъаихумб» ва «Вишхарв» 90 лимӯхона бунёд гашт.

Парвариши ин меваи барои саломатӣ муфид дар Дарвоз сол ба сол рушд карда, лимӯпарварон дар заминҳои санглох ва партовгоҳ низ гармхона сохта, аз он ҳосили дилхоҳ ба даст меоранд.

Ба гуфти лимӯпарварони дарвозӣ, аз як дарахт то 300 дона лимӯ ба даст овардан мумкин аст.

Пайшанбӣ ШОҲЗОДА, «Садои мардум»