Дарвоз. Омодагиҳо ба ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷиддӣ аст

№34 (3671) 30.03.2017

Дар ноҳияи Дарвоз баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни фархундаи 20 — солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ омодагиҳо хубанд.

Бино ба иттилои узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Дарвоз Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон, нақшаҳои тарҳрезикардаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба ифтихори ҷашни 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ тасдиқ шудааст ва то ин дам корҳои зиёде ба сомон расидаанд.

Сокинони ноҳия аз он сипосгузоранд, ки маҳз дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дарвози бостониро ба як диёри обод ва зебо табдил додааст. Ҳоло симои маркази ноҳия ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфтааст. Меҳмонхонаи замонавии шашошёнаи «Карон — плаза», фароғатгоҳи машҳури «Чорчаман», «Чаманистон», ошхона — чойхонаи лаби оби Хумбов ва дигар макони фароғатӣ дар чор фасли сол фаъоланд.

Имрӯзҳо дар марказ ва деҳоти ноҳия таъмиру тармими иншооти соҳаҳои маориф, фарҳанг ва тиб ­босуръат ҷараён дорад. Дар Кохи фарҳанги навбунёди ба номи Акашариф Ҷӯраев ва клубу китобхонаҳо бахшида ба ин санаи муборак конференсия, семинар, вохӯрӣ ва дигар чорабиниҳо баргузор гашта истодаанд.

 

 

Сироншоҳи Диловар,

журналист