4 октябр – Рӯзи омӯзгор

Дарёдилу саховатпеша

№123 (4229) 03.10.2020

Пчандар дар ноҳияи Варзоб ҷой гирифтааст. Деҳа на он қадар калон бошад ҳам, бо олимону шахсони барӯмандаш мавқеи хоса дорад. Мо, хатмкунандагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии он, тасмим гирифтем, ки дар бораи яке аз шахсони саховатманд — устоди гиромиқадр Абдухолиқ Одинаев фикру андеша рӯи коғаз оварда, қарзи шогирдиро, каме ҳам бошад, ба ҷо биёрем.

Орзуи омӯзгор шудан Абдухолиқи ҷавонро ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ овард. Баъди хатми факултети забон ва адабиёти тоҷик ӯ ба деҳа баргашта, ба кори омӯзгорӣ шурӯъ кард. Муддати зиёд нагузашта, дар байни коллективи мактаб ва талабагон обрӯи хоса пайдо кард. Хислати аҷиби муаллим дар он буд, ки ба хурду калон шумо гуфта муроҷиат мекард ва талабагони мактабро «бачам» гуфта ном мебурд.

Хислатҳои хуби инсонӣ ва малакаи баланди касбии ӯро ба назар гирифта, чанд маротиба ба вазифаҳои роҳбарии мактабу ноҳия пешбарӣ намуданд, вале ӯ розӣ намешуд. Танҳо маротибае хоҳиши мудири маорифи ноҳияро рад накард ва масъулияти мудири қисми таълимии мактаби деҳаро ба уҳда гирифт.

Вай доимо таъкид мекард, ки дониши мукаммал ва тарбияи дуруст метавонад шахсро соҳиби обрӯи хоса гардонад. А. Одинаев ҳаракат мекард, ки муаллимони ҷавону аҳли деҳа ва талабагон низ ин ақидаро дарк кунанд ва дар рушди кишвар саҳмгузор бошанд.

Он кас дар хонааш китобҳои бисёр дошт ва доимо адабиёти нав, чопшударо аз Душанбе харида, китобхонаашро бой мегардонд. Аз ин чашмаи дониш на танҳо худаш ва муаллимони мактаб, балки талабагон низ истифода мебурданд. Китобҳои ба шогирдон додаашро ҷамъ карда, дар бораи мазмуни онҳо пурсон мешуд ва чизҳои нафаҳмидаро шарҳ медод.

Абдухолиқ А. Одинаев баъди ба нафақа баромадан панҷ соли дигар касби омӯзгориро давом дод ва сипас эстафетаро ба  ҷавонон супорид.

Муаллим Одинаев аввалин шуда дар деҳа соҳиби мошини «Нива» гашт, ки он бештар ба хизмати мардум банд буд. То пайдо шудани нақлиёт келинҳои деҳаро муаллим Одинаев бо мошини худаш меовард. Маризонро ба беморхонаи Такоб бурда, баъди ҷавоб шудан ба хонаашон мерасонд. Донишҷӯёнро рӯзҳои шанбе аз Такоб ба деҳа ва рӯзи душанбе субҳи барвақт ба Такоб мебурд, то ки аз дарс қафо намонанд. Ягон нафар аз Варзоби боло ёд надорад, ки А. Одинаев барои хизматҳо маблағ талаб кард бошад. Баръакс, ӯ ба донишҷӯёни камбизоат кумак мерасонд ва ҳатто хонаи якҳуҷрагиашро дар шаҳри Душанбе ба донишҷӯёни деҳа бе музд иҷора дода буд.

Вақте ки муаллим ба Душанбе ё Такоб сафар мекард, кӯдакони Пчандар дар пеши масҷид ҷамъ шуда, «Нива»-и ӯро интизор мешуданд. Агар онҳо аз интизорӣ монда шуда, ба хонаҳояшон мерафтанд, вай баъди ба деҳа баргаштан бо баландгӯяк онҳоро барои гирифтани туҳфаҳояшон даъват мекард. Бештар ҳамдиёрони хурдсолро бо яхмосу лимонад ва дигар шириниҳо хурсанд мекард. Барои кӯдакони камбизоат дафтару қалам ва ручкаю китоб ҳам мехарид.

Яке аз хислатҳои хайрхоҳонаи муаллим он буд, ки аз маблағҳои худ ҳангоми таътили тобистона кӯдакони камбизоати деҳаро ба Душанбе оварда, дар курсҳои иловагӣ мехононд ва рӯзҳои шанбе бо мошини худаш ба  аёдати падару модар ба деҳа бурда, рӯзи душанбе боз ба пойтахт меовард.

Муаллим деҳқони асил низ буданд ва бо меҳнатдӯстию ғайрату иродаи устувор мардуми деҳаро ба ҳайрат меоварданд. Баъзеҳо мепурсиданд, ки чаро А. Одинаев заҳмати зиёд мекашад? Чунки онҳо пай намебурданд, ки маблағҳои ба ғайр аз маоши омӯзгорӣ бадастовардааш, ба корҳои хайру савоб сарф мешуданд.

Ин суханҳо қатрае буд аз дарёи накукории омӯзгори саховатпеша А. Одинаев.

Дили муаллими азизи мо соли ҷорӣ аз задан монда бошад ҳам, симои наҷиби ӯ, накукорию одамгарии баландаш дар дили мардуми Варзоби боло ва шогирдон абадӣ мемонад. Боварӣ дорем, ки модарони деҳа боз ҳамин хел шахсони хайрхоҳ ва фидокорро ба дунё меоранд, то ки чароғи накукорӣ дар ин гӯшаи Ватан хомӯш нагардад.

Бо арзи сипос, Н. ҒАНИЕВА, Х. НИЁЗОВА, Г. САИДОВА, 

ноҳияи Варзоб