Ба мо муроҷиат мекунанд

Дастгирӣ кардаму дар бало мондам

№18 (3968) 14.02.2019

1 (5)Таъсиси ширкатҳои қарздеҳи хурду калон тақозои замон аст. Ин гуна ширкатҳо ҷиҳати ривоҷи соҳибкорӣ ва ҳалли мушкилот ба нафарони зиёд ёрӣ мерасонанд. Зиндагӣ чунин сурат гирифт, ки ман ҳам яке аз мизоҷони Ташкилоти амонатию қарздеҳии хурди «Ҳамдастӣ» гардидам ва, ба қавле, «пул додаму дарди сар харидам».

Соли 2015 сокини шаҳри Хуҷанд Саиданвар Бобоҷонов аз ҶДММ ТАҚХ «Ҳамдастӣ» бо фоизи паст, 12 дарсади солона, 50 000 доллари ИМА ба муддати 6 моҳ қарз гирифта, иншооти воқеъ дар соҳили рости дарёи Сирро, ки соҳибмулки он буд, бо розигии ҳамсараш ба гарав гузошт. Дар ин бора ҳуҷҷатҳои барасмиятдарорӣ мавҷуданд. Ӯ 5 моҳ фоизи қарзашро пардохта, минбаъд саркашӣ намуд.

Тахминан моҳи декабри соли 2016 кормандони ҶДММ ТАҚХ «Ҳамдастӣ» аз С. Бобоҷонов талаб мекунанд, ки қарзи гирифтаашро пардохт намояд, вагарна, масъулияту ҷавобгарии иҷро накардани уҳдадориҳо ба зиммаш вогузор мешавад. Вале масъала роҳи ҳал пайдо намекунад ва соле пас ҶДММ ТАҚХ «Ҳамдастӣ» муфлис мегардад.

Ман, ки аз ҷумлаи амонатгузорони ташкилот будам ва аз он каме дастгирӣ ҳам дидаам, хостам «Ҳамдастӣ»-ро дастгиру муттако шавам. Аниқтараш, бо мақсади он ки ҶДММ ТАҚХ «Ҳамдастӣ» ба амонати гузоштаи мизоҷон хиёнат накунад, иншооти дар гаравбударо ба маблағи зиёда аз 900000 сомонӣ харидор шудам. Дар ин бора зимни ҷаласаи умумии пасандозгузоштагон ҳама огоҳ карда шуданд. Ҳамин тариқ, камина маблағи онро ба ташкилот пардохт кардам ва «Ҳамдастӣ» пасандози зиёда аз 70 нафар мизоҷро барқарор сохт. Баъди ба расмият даровардани шартномаи харидуфурӯши иншооти багаравгузоштаи шаҳрванд Саиданвар Бобоҷонов раванди воқеа мақоли халқии «Омад ба сарам аз он чӣ метарсидам»-ро ба ёд меорад.

Шаҳрванд С. Бобоҷонов, аз соли 2017, ба мақомоти судӣ арзу дархост карда, иддао мекунад, ки маблағи қарзи гирифтаашро гӯё тавассути қудояш — шаҳрванд М. Х. Ҳомидов пардохт намудааст. Ҳол он ки даъвояш бардурӯғ ва хилофи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Далели ин гуфтаҳо баррасӣ шудани даъвояш дар мақомоти Суди Олии иқтисодӣ ва барои азнавбаррасӣ ба Суди иқтисодии вилоят ирсол ва рад шуданаш аст. Ҳарчанд мақомоти судӣ беасос будани даъвои С. Бобоҷоновро дар асоси қонун исбот карда бошад ҳам, ҳеҷ не, ки ором шавад.

Ҳамин тавр, такудавҳои С. Бобоҷонов маро, ки амалан ҶДММ ТАҚХ «Ҳамдастӣ»-ро аз буҳрон халос кардам, чунон ба ташвиш овардааст, ки қалам дар тасвираш оҷизӣ мекашад. Дар асл, ман бо ин амал иқдоми ватандӯстона зоҳир намудам. Ҳангоми харидани иншоот заррае норозигӣ аз тарафи соҳибмулки қаблӣ ва ё дигар шахсон нисбат ба ман баён нагардид. Гумон доштам, ки агар молу мулк аз тарафи шахсони мутасаддии идораи бонуфуз фурӯхта шавад, ягон монеа ва маҳдудият пеш нахоҳад омад. Бар илова, бо харидории иншооти мазкур ба қавӣ нигоҳ дош­тани эътиқоди мардум ба сохторҳои бонкӣ ва сиёсати бонкии давлат мусоидат кардам. Вале, бо амалҳои носавоби С. Бобоҷонов ман муддати тӯлонӣ аст, ки наметавонам аз ҳуқуқҳои кафолатдода ва эълоншудаи конститутсионии худ, созишномаҳои байналмилалӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба истифода, соҳибӣ ва ихтиёрдории озодонаи моликият истифода намоям.

Дар ҳолати халал эҷод накардани С. Бобоҷонов ба фаъолияти ман, метавонис­там ва имконият доштам, ҳамон нуқтаро мувофиқи талаботи давру замон ба яке аз ҷойҳои ободу сарсабзи Хуҷанд, ки ба сайёҳон ва дигар сокинони шаҳр хуш меояд, табдил диҳам. Ҳамчунин, бо ташкили корхонаҳо ҷойи корӣ таъсис дода, ба буҷаи давлат аз ҳисоби пардохти андозҳо манфиат оварданам мумкин буд. Ман аз оғоз ин гуна нияти нек доштам, вале ду сол аст, ки С. Бобоҷонов бо даъвоҳои беасос садди роҳи ин амали хайрхоҳона шуда истодааст.

Ман бо истифода аз фурсат мехоҳам ба Бонки миллии Точикистон, Суди Олии иқтисодии ҷумҳурӣ ва Суди иқтисодии вилоят арзи сипос намоям, ки адолати судиву иҷтимоиро барқарор намуда, ноҳақ будани С. Бобоҷонов, беасос будани даъвояшро исбот карданд ва боварии каминаро ба мавҷуд будани адолати судӣ ва иҷтимоӣ ва дар ин замина, волоияти қонун дар мамлакат, дучанд қавӣ гардониданд. Дар акси ҳол, амонатгузорони ҶДММ ТАҚХ «Ҳамдастӣ» боз ҳам ба кӯи сарсонӣ афтода, эътиқоду боварашон ба сиёсати бонкии кишвар заиф мешуд.

Ниҳоят, ман ба хулоса омадам, ки арзу додамро тавассути матбуоти даврӣ, хоса, нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Садои мардум», бори дигар ба мақомоти дахлдор расонам. Шояд баъди ин маро аз ташвишу асабонияти зиёдатӣ раҳо бахшанд. Ман мехоҳам ба Ватан, ба халқ ва баҳри ободии кишвар содиқона хизмат кунам.

Бо эҳтиром, Абдувосит АБДУРАҲИМОВ,  

сокини шаҳри Хуҷанд