Дастрас кардани электромобил осон мешавад

№106 (4212) 01.09.2020

imageТавре хонандагон ёд доранд, дар шумораи №63-и рӯзномаи «Садои мардум» аз 28 майи соли 2020 мақолае зери унвони «Ба нақлиёти барқӣ шину дар пешгирии гармшавии иқлим саҳм гузор» чоп шуда буд. Дар он бартариҳои истифодаи нақлиёти барқӣ аз  лиҳози иқтисодиву экологӣ таъкид шуда, бобати зарурати бунёди корхонаи муштараки электромобилбарорӣ дар мамлакат сухан мерафт.

Воқеан, солҳои охир таваҷҷуҳи бисёр кишварҳо ба истеҳсолу истифодаи нақлиёти барқӣ зиёд шудааст. Ҳатто кишварҳои дорои захираи нефту гази фаровон низ ба ин навъи нақлиёт мароқ зоҳир мекунанд. Аз ҷумла, охирҳои соли равон дар корхонаи мошинбарории шаҳри Толятии Федератсияи Россия истеҳсоли нахустин  электромобил бо тамғаи «Zetta» ба роҳ монда мешавад. Мошини барқӣ аз розеткаи  одии 220 волта қувват гирифта, бо захираи аккумулятор 180 километрро тай мекунад. Нархи он 550 000 рубли русӣ пешбинӣ шудааст.

Дар кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон бошад, сохтмони корхонаи электромобилбарорӣ оғоз ёфт. Он дар минтақаи озоди иқтисодии «Қӯқанд» сохта мешавад. Лоиҳаро ҶДММ «Шаффоф омад саноат» амалӣ месозад.  Масоҳати корхона 30 000 метри мураббаъро дар бар мегирад.

Тибқи иттилои маҷаллаи «Forbes», электромобили истеҳсоли Ӯзбекистон, ки яке аз  арзонтаринҳо дар ҷаҳон ба ҳисоб хоҳад рафт, муодили 3000 доллар нарх хоҳад дошт.

Корхона, ки якҷо бо ширкати хитойии «Silk Road Company» сохта мешавад, 30 миллион доллар сармоягузорӣ мегардад. Аз ин 24 миллион долларашро хитоиҳо ҷудо мекунанд.

Дизайни электромобил хеле зебо мебошад ва аз лиҳози  шакл ба тамғаи машҳури «Мерседес» шабоҳат дорад. Мошини барқии истеҳсоли Ӯзбекистон бо як зарядпуркунӣ то 150 километр меравад. Истеҳсоли электромобил соли 2021  шурӯъ мешавад. Он на танҳо барои бозори дохилӣ, балки ба содирот низ  нигаронида шудааст.

Илова бар ин, шаҳрдории Тошканд 500 электромобили тамғаи BAIC-и Хитойро ба кишвар ворид намудааст. Ин мошинҳои барқӣ ҳамчун таксӣ ба мусофирон хизмат хоҳанд кард. Ширкати «Ӯзбекнефтегаз» барои нақлиёти барқӣ нуқтаҳои зарядпуркунӣ сохта истодааст. Дар қисматҳои гуногуни шаҳр даҳ нуқтаи  зарядпуркунӣ ­бунёд меёбад, ки ҳар кадом дар 30 дақиқа мошинро пурра бо захираи барқ таъмин мекунанд.

Тоҷикистон миёни ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ неруи барқи аз лиҳози экологӣ тозатарин ва арзонтаринро истеҳсол мекунад. Аз ин рӯ, истифодаи нақлиёти барқӣ дар кишвар аз ҳар ҷиҳат қуллаю самараноктар аст. Умед мекунем, ки дар ҷумҳурӣ низ корхонаи муштараки электромобилбарорӣ сохта мешаваду дастрасӣ ба ин намуди нақлиёт осонтар мегардад.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»