Пешниҳод

Деҳмой ба минтақаи сайёҳӣ табдил дода шавад

№148 (3942) 11.12.2018

Деҳкадаи Деҳмойи ноҳияи ба номи Ҷаббор Расулов, ки дар масофаи 17 километр аз маркази маъмурии вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд ҷойгир шудааст, бо табиат ва иқлими хос, якчанд зиёратгоҳ ва муҳимтар аз ҳама чашмае, ки оби ҷонбахш дорад, маъруф аст. Маҳз бо ҳамин сабабҳо замони шӯравӣ дар он 3 урдугоҳи бачагона таъсис дода шуда буд, ки ҳоло яке аз онҳо фаъолият дораду халос. 

Заминҳои деҳа бо оби ҷонбахши «Бошбулоқ» (Сарчашма) шодоб мешавад. Бино ба гуфти мутахассиси Сарраёсати мелиоратсия ва захираҳои оби вилояти Суғд Абдуллоҷон Солиҷонов, айни ҳол аз чашма ҳар сония то 1,2 метри мукааб об ҷорӣ мешавад. Он дар гузашта ва имрӯз барои обёрии заминҳои хоҷагии азими ба номи Абдуғафурота Самадов (зиёда аз 1000 га) ва АХД «Деҳмой» (200 га) истифода мешавад. Иловатан 3000 оилаи деҳа, ки шуғли асосиашон кишоварзист, боғу майдонҳои полезиашонро маҳз бо ҳамин об шодоб мекунанд. Сифати оби чашма, тибқи хулосаи мутахассисон беҳтарин буда, таркиби он серйодтарин дар кишвар эътироф шудааст.

Дар шафати он зиёратгоҳе бо номи «Кӯктунликбобо» (бобои ҷомаи кабудпӯш) арзи ҳастӣ дорад. Сояи дарахтони сар ба фалаккашидаи зиёратгоҳ ва атрофи чашма ҷойи дӯстдоштаи аҳолӣ маҳсуб шуда, ашхоси зиёд мехоҳанд ба Деҳмой омада, соате чанд аз ҳавои салқину форами он нафас кашанд.

- Имсол бинобар сахт гарм шудани ҳаво атрофи зиёратгоҳ чунон серодам шуд, ки ба қавле, ҷойи сӯзанпартоӣ набуд, — мегӯяд шайхи зиёратгоҳ Абдуқодир Саидазимов.

Дар оби чашма моҳӣ мавҷуд буда, ҳар нафари ба касалии зардпарвин гирифторшуда соате ба онҳо назар дӯзад, бемориаш бартараф мешавад. Сокинони атроф мегӯянд, ки оби чашма ба чанд намуди беморӣ, аз ҷумла дарди гӯш дармон мебахшад.

Таркиби оби чашма аз минералҳои гуногун, махсусан намакҳои ҳалшаванда бой аст. Бинобар ин, сокинон аз зироатҳои кишоварзие, ки парвариш мекунанд, ҳосили фаровон мегиранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чор сол муқаддам, зимни сафари кориашон ба ин ноҳия аз сифати биринҷи Деҳмой ёдовар шуда гуфтанд, ки «ба шарофати оби ҷонбахши чашмаи Деҳмой биринҷ оббардору палави аз он пухтамешуда таъми ба худ хосу бомаза дорад».

Бамаврид аст дар робита ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  эълон гардидани соли 2018 минтақаи зикршуда  сайёҳӣ эълон карда шавад.

Мутмаинем, ки ин иқдом баҳри ободу зеботар шудани  ин гӯшаи биҳиштосои кишвар ва вуруди  бештари сайёҳони дохилӣ ва  хориҷӣ такон хоҳад  бахшид.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ, «Садои мардум»