Диданиҳо дар бағали кӯҳсор

№99 (3893) 16.08.2018

Табапин 3Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 декабри соли 2017) бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳӣ ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ пешниҳод намуданд, ки соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардад.

- Ин ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бамавриду арзишманд аст, — иброз дошт раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Муҳаммадҷобир Раҷабзода.

Дар Кӯҳистони Мастчоҳ (Бутамони дарунии бостон) дар гузашта ҳар як деҳа дидбонгоҳ ё қалъа дош­т. Аз Деҳҳисор то Оббурдан ҳафт қалъаи қадима мавҷуд асту дар деҳаҳои Оббурдан, Рогиф, Эсизи Боло, Мадрушкат, Падаск, Палдорак ва Ланглиф боқимондаҳои обидаҳои таърихӣ маҳфузанд.

Лозим ба ёдоварист, ки Қалъаи Палдорак (онро қалъаи Ботурхоҷа — мири Мастчоҳ ҳам мегӯянд) аз ҷониби сокинони деҳа бо кумаки соҳибкорон қисман барқарор шудааст.

Қадимтарин қалъа дар Мастчоҳ Ҳисорак ном дораду бинобар хулосаи бостоншиносон (аз ҷумла академик Юсуфшоҳ Ёқубов) собиқаи беш аз 2000 — сола дорад.

Муаррихоне, ки дар Ҳисорак ҳафриёт гузаронидаанд, бар он ақидаанд, ки шаҳраки дохили он наздики 5 гектар масоҳат доштаас­ту аз чор кӯчаи калон иборат буд. Ҳафриёт дар ин обидаи таърихӣ собит кард, ки сокинони он суғдӣ буда, ба оташ имон доштаанд. Корез ва роҳи зеризаминии он аз дарун хокпӯш шуда бошад ҳам, аз берун, аз соҳили дарё намудор мебошад.

Бино ба гуфти раиси ноҳия, Ҳисорак нодиртарин ва қадимтарин осори қалъасозии ниёгони мардуми Кӯҳистони Мастчоҳ ба ҳисоб меравад.

- Ҳисорак, аз рӯи гуфти мардони солдидаи ноҳия маркази маъмурии ҳукмравоёни Кӯҳистони Мастчоҳ (Бутамони дарунӣ) буда, аз он то деҳаи Падаск 8-10 км масофа аст. Ин аз он дарак медиҳад, ки ашрофон аз мардуми авом ҷудо мезистанд. Обро ба «ҷазира» тариқи лӯлаҳои сафолин аз чашмаи кӯҳдоман, ки то имрӯз шодоб асту Лолахон (аслан бояд Лоола бошад) ном мебаранд, интиқол медодаанд, — мегӯяд раис.

- Дар Дашти канора (ҳамвории домани кӯҳ, воқеъ дар шарқрӯяи ин маҳал) ҳангоми гирифтани хок барои хиштрезӣ ду хуми калон ёфт шуд, ки дар дохили якеаш ҷасади ду кӯдак буд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки аҷдодон ҷасадҳоро ба хум гузошта, хокпӯш мекардаанд. Ҷои дигар 12 гӯр кашф шуд, ки косахонаҳои сар ва устухонҳои одамони қадим ҳанӯз ҳам чандон тағйир наёфтаанд.

Барои сайёҳони ба зиёрату тамошои қадамҷо, мазору хонақоҳ ҳавасманд дар Кӯҳистони Мастчоҳ чандин мазор мавҷуданд ва муаррифӣ намудани онҳо аз аҳамият холӣ нест. Масалан, мазори Чилдухтарон (деҳаи Андарвашт), мадфани Дарвешмуҳаммад зоҳиди озоди хуҷандӣ дар Ронҷ метавонанд таваҷҷуҳи сайёҳон ва пажӯҳишгаронро ба худ ҷалб намоянд.

Пас аз Ҳисорак дар Кӯҳистони Мастчоҳ бозёфти нодири бостоншиносон сангнигораҳои Тагоби Сабағ маҳсуб мешавад. Дар аксар рустои он сангнавиштаҳоро пайдо кардан мумкин аст. Дар замони шӯравӣ академик Аҳрор Мухторов сангнавиштаи Бобурро аз ин ноҳия пайдо карда буд. Дар он ҷо осори ҳунари ниёгонро зиёд дучор шудан мумкин аст. Масалан, дар Тагоби Пакшиф (мавзеи Дашти Рич) ва Дашти Деҳманора панҷ сол пеш, ҳангоми шудгори замини навкорам, хати интиқоли об — лӯлаҳои (қубур) сафолин ёфт шуд.

Шавқмандони кӯҳнавардӣ аз зебоии табиати дараҳо, шукӯҳу салобати қуллаҳои сарбафалак таассуроти хотирмон ҳосил карда метавонанд. Муҳим он аст, ки аз тариқи гарданаҳои Оббурдан, Хокработ, Яхруд, Сабағ, Туро ва ғайра ба шимоли кишвар — ноҳияи Деваштич, шаҳри Истаравшан ва мавзеъҳои Андараку Лайлаки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар кардан мумкин аст.

Ин ноҳия дараю тагобаҳои хушобуҳавои сабзу гулпӯши зиёде дорад. Дар сурати таъсис додани хатсайр Тагоби Оббурдан, Ғузндара, Тавасбин, Тагоби Валиғунд, Тагоби Ҷиндон, гарданаи Пакшиф, тагобаҳои Палдорак, Роғ, Деҳхаданг, пуштаравҳои Дубурса, Рамаю Росинҷ барои сайёҳони дохилию хориҷӣ таваҷҷуҳбарангез хоҳад буд.

Моҳи апрели соли 2018 барномаи ноҳиявии «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» барои соли 2018 қабул гардид, ки тибқи он бунёди инфрасохтори муосири сайёҳӣ, дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба сайёҳон, омода намудани матолиби иттилоотӣ ва хатсайрҳои нав ба нақша гирифта шудааст.

- Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифтем, ки ноҳияи зебоманзари Кӯҳистони Мастчоҳро ба мавзеи сайру саёҳат ва макони ҳунарҳои мардумӣ табдил диҳем,- гуфт раиси ноҳия Муҳаммадҷобир Раҷабзода дар хотимаи суҳбат.

 Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»