Диёри муъҷизаҳо

№51 (3845) 26.04.2018

2018-01-22tourism-pngЛахш бузургтарин ноҳияи кишвар аст, ки бо давлати Қирғизистон ҳамсарҳад мебошад. Чарогоҳҳо дар он беш аз сад ҳазор гектарро ташкил мекунанд ва аз қадимулайём сокинони ноҳия ба чорводорӣ машғул буда, заминро хуб истифода мебаранд.

Иқлими як мавзеи ноҳия аз мавзеи дигараш фарқ мекунад. Агар маркази ноҳия, шаҳраки Ваҳдат аз сатҳи баҳр дар баландии 1795 метр ҷой гирифта бошад, деҳаҳои баландкӯҳи Сугат дар баландии 2 500 метр, Қарамиқ 2700 ва Мук дар баландии 2600 метр ҷойгиранд. Ин ҳолат ба замони фарорасии фаслҳои сол таъсир расонидааст. Агар дар шаҳраки Ваҳдат нимаи моҳи март ҳаво гарм бошаду кишоварзон пайи киштукор саргардон, дар дигар мавзеъҳои ноҳия фасли зимистон ҳукмфармост. Дар як қисми ноҳия ҳанӯз даҳаи аввали моҳи сентябр барф меборад ва табиат ранг иваз менамояд.

Дараҳо низ номҳои зебо доранд: Ғулама, Дувана, Пиёзӣ, Сасиқбулоқ, Чор, Мук, Хоҷаи Тавоф. Дар ин дараҳо растаниву буттаҳои бешуморе мавҷуд аст, ки табибон онҳоро ба садҳо касал дору гуфтаанд.

Дар фасли зимистон низ табиати ин диёр зебову диданист. Дар дараҳои сербарф мавзеъҳои васею зебое ҳаст, ки метавон он ҷо лижаронӣ кард. Савори асп дар дараҳои зебо зимистон сайругашт кайфияти аҷибе дорад.

Мавзеи Хоҷаи Тавоф дорои шикоргоҳи зебост. Болотари он мавзеи Бедаку Шербаст ҷой гирифтаанд. Дар мавзеи Шербаст дарёчаи зебое ҷорист ва ҳамноми шикоргоҳ мебошад. Шербаст бо табиати зебову дилрабо ва шикоргоҳҳои ҳайратовар ҳар фарди ба ин мавзеъ омадаро мафтун мегардонад.

Пирони рӯзгордидаи Мук қисса мекунанд, ки замони пеш аз ин мавзеъ роҳи калоне мегузаштааст ва тоҷирон ба кишвари бузурги Чин намаку пилла мебурданду аз он ҷо ашёҳои чинӣ меовардаанд. Ин роҳ аз мавзеи Хизмак мегузарад. Дар Хизмак ду қуллаи баланд вуҷуд доранд, ки ба ҳамдигар хеле наздиканд. Масофаи байни онҳо 30 — 40 метр мебошад. Он ҷо дар гузаштаи дур сокинони маҳал пуле сохтаанд, ки то ҳанӯз нимаи он побарҷост. Замони бунёди пулро касе ёд надорад, аммо он тамошогоҳи аҷиб аст, бо чӯби арча ва мехҳои чӯбин сохта шудааст. Аз болои пул ду асп бо ароба бе ҳеҷ мушкилӣ гузашта метавонанд. Ба андешаи мо, дар шакли пештара барқарор намудани пул барои зинати ин мавзеъ аз манфиат холӣ нест.

Чун ба доманаи кӯҳе дар мавзеи Лахш, ки бо номи қалъаи Чоргул машҳур аст, наздик омадем, аз ронанда хоҳиш кардам, ки мошинро нигоҳ  дорад. Ҳамсафарам, сармуҳаррири рӯзномаи «Паёми Ҷиргатол» Акбар Ризвонов  саросема ба қисса намудан оғоз кард:

- Дар чанд мавзеи Лахш, аз ҷумла дар  хоҷагии такягоҳии ноҳияи Ҷиргатол миёнаи солҳои 80-уми асри гузашта кофтуковҳои археологӣ  гузаронида шудааст. Бостоншиносон муайян карданд, ки дар ин мавзеъ шаҳр ва қалъаи қадимае будааст. Пеш аз пайдоиши дини ислом одамон зиндагӣ доштанд. Ба ин тангаҳои сикказадашуда, олоти корӣ ва асбобу анҷомҳои дарёфтшудаи рӯзгор гувоҳӣ медиҳанд.

Қариб дар рӯи ҳама ашёи ёфтшуда, дар қатори дигар нақшу нигорҳо, асосан чор гул сабт гардидааст. Бинобар ин, бостоншиносон ин мавзеи  қадимаро  шаҳри Чоргул ном ниҳоданд. Чоргул дар қисмати  шарқии  Дашти Лахш воқеъ гардидааст, ки аз тарафи шарқ онро теппакӯҳи хеле баланд иҳота намудааст.

Дар сағонаҳо фавтидагон бо аслиҳа ва дигар ашё гӯронида, ҳангоми дафн расму оини дини ислом риоя нагардидааст. Аз ин рӯ, олимон  ба хулоса омадаанд, ки ин шаҳри харобгардида дар давраҳои то пайдоиши дини ислом арзи вуҷуд дошта, сонитар хароб гардидааст.

Агар Чоргулро археологҳо кофтуков намоянд,  боз саҳифаҳои номаълуми таърихи кишвар рӯшан мегардад…

Даврони шӯравӣ барои фатҳи қуллаи Сомонӣ («Коммунизм») аз гӯшаву канори кишвари паҳновар хоҳишмандон меомаданд. Дар ин мавзеъ бо номи Москвин пойгоҳи махсусе сохта шуда буд, ки онро имрӯз ҳам истифода мебаранд. Ба гуфти шоҳидон, аз хориҷи кишвар ҳам сайёҳон меомаданд ва ба онҳо се-чор чархбол хизмат мерасонд.

Овозаи обҳои шифобахши Тамдиқул берун аз марзи кишвар рафта, солҳои охир хеле обод шудааст. Меҳмонхона дорад ва шахсоне, ки меоянд ба мушкилот мувоҷеҳ намегарданд. Итминони комил дорем, ки дар ояндаи наздик бо талоши соҳибкорон ва ибтикори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар ин ҷо инфрасохтори туризм, аз қабили ошхонаву меҳмонхона, табобатгоҳу фурӯшгоҳ бунёд мегардад.

Мавзеи Чилдухтарон низ диданию дар ҳақиқат зебост. Агар тавонем мардуми хориҷи кишварро ба тамошои диёр ҷалб кунем, ҳам ҷойҳои нави корӣ фароҳам мегардаду ҳам буҷети кишвар ғанӣ мешавад.

Диловари МИРЗО,

 «Садои мардум»