«Ду мушкили маркази як ноҳия»

№151 (3788) 21.12.2017

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод ба иттилои шумо мерасонад, ки мақолаи  «Ду мушкили маркази як ноҳия», ки дар рӯзномаи «Садои мардум» аз 23 сентябри соли 2017, № 113 нашр шудааст, дар маҷлиси назоратӣ – истеҳсолии назди раиси ноҳия  мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Қайд намудан бамаврид аст, ки дар маркази ноҳия 14075 нафар аҳолӣ зиндагӣ намуда, 4 муассисаи таълимӣ, 30 ташкилоту муассиса, зиёда аз 40 мағозаю марказҳои хизматрасонӣ фаъолият менамоянд. Аксарияти маҳаллаҳои аҳолинишин аз ҳисоби чашмаҳои худҷорӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин мебошанд.

Ваҷҳҳое, ки дар мақолаи мазкур дарҷ гардидаанд, аз ҷумла «дар кӯчаҳои маркази ноҳия агар гулӯи раҳгузарон аз ташнангӣ хушк шавад ҳам, ба қадри ашки булбул об пайдо карда наметавонанд», асоси воқеӣ надоранд. Дар назди шуъбаи маориф, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, раёсати молия, Боғи Ғалаба, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2 ва майдони марказии ноҳия нуқтаҳои оби ошомиданӣ вуҷуд дорад.

Дар мавриди ҳоҷатхонаи ҷамъиятӣ ҳаминро қайд менамоем, ки дар назди терминали мусофиркашонӣ, майдони марказӣ ва бозори ноҳия ҳоҷатхонаҳои ҷамъиятӣ мавҷуд буда, шаҳрвандон аз он истифода мебаранд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод бо истифода аз имкониятҳо кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки мушкилоти пайдогардидаро бартараф намояд.

Х. Абдуллоев, 

муовини раиси ноҳия