Думаи давлатӣ орденҳои Абдуназар Фармонқуловро барқарор кард

№94 (3731) 08.08.2017

орденДорандаи ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» Абдуназар Фармонқулов дуюмбора соҳиби орденҳои аздастдодааш гардид. Консули генералии Сафорати Федератсияи Россия дар вилояти Суғд В. Бондаренко дар ҳузури муовини якуми раиси вилояти Суғд Раҳматзода Рустам Мирзо, собиқ комиссари ҳарбии вилояти Суғд, генерал-майор А.  Қосимов ва раиси шаҳри Истаравшан Баҳром Иноятзода ҳар се дараҷаи орденҳои «Шараф»-ро ба Абдуназар Фармонқулов супорид.

Зимни суҳбат раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Истаравшан Абдуваҳҳоб Қаюмов ин воқеаро чунин шарҳ дод:

- Чанд сол қабл Абдуназар Фармонқулов ба доми қаллобону фиребгарон афтода, бо ду дасти адаб се ордени «Шараф» ва чанд ордену медали дигари худро бароварда медиҳад.

Пас аз чанд муддат фиребгарон ба даст афтода, ба маҳкама кашида мешаванд, вале ордену медалҳоро пас гардонида наметавонанд, онҳоро фурӯхта будаанд.

Мо ба хотири баргардонидани орденҳо аз номи Абдуназар Фармонқулов ба номи Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин ариза иншо карда, ба воситаи Консулгарии Федератсияи Россия дар вилояти Суғд ва Сафоратхонаи Федератсияи Россия дар Тоҷикистон ба Москва ирсол намудем.

Муносибати хубу дӯстонаи миёни кишварҳо сабаб гардиду масъалаи баргардонидани орденҳои «Шараф»-и Абдуназар Фармонқулов дар Думаи давлатии Федератсияи Россия мавриди баррасӣ қарор гирифт ва ӯ дубора соҳиби ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» бо ҳамон шумораҳои аслӣ ва таърихи тақдимашон гардид.

Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»