Душанбе. Ҳар як иштирокчии ҶБВ 2000 сомонӣ кумак мегирад

№57 (3537) 30.04.2016

Зимни ҷаласаи васеи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, ки 25 апрели соли ҷорӣ  бо иштироки вакилони Маҷлиси вакилони халқи пойтахт ва ноҳияҳои он баргузор шуд, Маҳмадсаид Убайдуллоев — раиси шаҳри Душанбе таваҷҷуҳи ҳозиринро, пеш аз ҳама, ба раванди омодагӣ ба ифтихори таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ нигаронида, таъкид дошт, роҷеъ ба истиқболи сазовори он имконоти мавҷуда сафарбар шавад.

Инчунин, зикр шуд, ки дар маҷмӯъ нуфузи 219 вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, ки намояндагони соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва илму фарҳанг, роҳбарони ташкилоту идораҳои гуногун мебошанд, зимни сафарбарии ҳаррӯза дар ҳавзаҳои интихоботӣ, ки фарогири 302 шаҳраку маҳалла ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ҳастанд, имкон хоҳад дод, ки ба ҳалли мушкилоти сокинон ва татбиқи барномаҳои созандагӣ муваффақ гардем.

Раиси шаҳри Душанбе, ҳамчунин таваҷҷуҳи иштирокдоронро баҳри омодагӣ ба раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида, дастур дод,  ки барои дар сатҳи арзанда доир гардидани он масъулон тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар хотима, баҳри татбиқи сиёсати раиятпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маҳмадсаид Убайдуллоев дастур дод, ки ба ифтихори ҷашни 71-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба  иштирокдорон ва маъюбони он 2000 сомонӣ кумакпулии яквақтаина расонда шавад. Аз ин маблағ 1500 сомонӣ аз буҷети шаҳр, 500 сомонӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷудо мешавад.

 Ш. САИДОВ