Ба пешвози 20- солагии СҲШ

Душанбе мизбони ниммарафони байналмилалӣ

№ 12.06.2021

1Бино ба иттилои оҷонсии «Синхуа» 13 июни соли 2021 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхай Ниммарафони байналмилалии Душанберо  баргузор менамояд.

Ниммарафон  масофаи 21 км 97 метрро дар бар гирифта, роҳҳои баргузории он аз ҷониби Ассотсиатсияи байналмилалии марафон ва давҳо (AIMS) мутобиқи қоидаҳои Варзиши ҷаҳонӣ (World Athletics) муайян гардидаанд. Мусобиқаҳо тибқи қоидаҳои зиддидопингӣ ва стандартҳои байналмилалӣ гузаронида мешаванд.

Қобили зикр аст, ки соли 2009 ҷонибҳо Шартномаи байни мақомоти ваколатдори давлатҳои аъзои СҲШ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро, ки бо ташаббуси Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, дар Саммити Бишкек баррасӣ ва имзо намуданд. Тибқи он ҳар сол дар фазои СҲШ як силсила мусобиқаҳои варзишӣ доир мегарданд.

Таҳияи Н.НИЗОМӢ,

«Садои мардум»