Душанбе. Пардохти электронии роҳкиро ҷорӣ мешавад

№7 (3801) 16.01.2018

хундруфуМаҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 ноябри соли 2017 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017»-ро қабул намуд. Мутобиқи он ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017 қисми 14 бо мазмуни зерин илова шуд:

«Дар соли 2017 таҷҳизоти зарурии барои амалигардонии лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе» воридшаванда аз андоз аз арзиши иловашуда, боҷ ва пардохтҳои гумрукӣ озод карда шавад».

Оид ба моҳияти татбиқи лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе» бо муовини раиси шаҳри Душанбе Саидзода Қурбон Тағай суҳбат доир намудем.

- Шаҳри Душанбе – пойтахти кишвар сол то сол ободу зебо мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сокинони шаҳри Душанбе (15 феврали соли 2017) зикр намуданд, ки: «Ҳукумати мамлакат дар замони Истиқлолият ба масъалаи ободу зебо гардонидани шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ватани маҳбубамон ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ гардонид, вале марҳалаи нави рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ тақозо менамояд, ки ба рафъи мушкилот ва ҳалли масъалаҳои пойтахти кишвар эътибори аввалиндараҷа дода шавад, зеро шаҳри Душанбе, ҳамчун маркази маъмурии мамлакат, бояд ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонида шавад», — оғоз бахшид суҳбатро Қурбон Саидзода ва идома дод:

- Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳалли ­масъалаву мушкилоти дар пойтахт ҷойдошта ва дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин бартараф намудани камбудиҳо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нақша-чорабиниҳо мураттаб намуда, ба амалӣ кардани он шурӯъ намуд. Аз ҷумла, тибқи банди 23 Нақшаи чорабиниҳо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вазифадор гардид, ки бо ҷалби сармояи дохилӣ ё хориҷӣ барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиётӣ, дарёфти роҳҳои танзим ва ба тартиб даровардани фаъолия­ти нақлиёти мусофиркашон, бартараф намудани ҳолатҳои тамбашавии зиёди воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои пойтахт чораҳои зарурӣ андешад. Баҳри амалӣ кардани ин мақсад Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар заминаи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе»-ро бо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто гурӯҳ» роҳандозӣ намуд.

Бояд гуфт, ки татбиқи лоиҳаи мазкур барои беҳтар намудани сатҳи хизмат­расонӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ, ба низом даровардани пардохти роҳкиро, аз байн бурдани баҳсҳо ҳангоми додани бақияпулии ҳаққи роҳкирои мусофирон ва аз ҳама муҳим, ба иқтисоди расмӣ гузаш­тани маб­лағҳои соҳаи нақлиёт мусоидат менамояд. Ҳоло марҳилаи якуми татбиқи лоиҳа оғоз гардида, ҶДММ «Авесто гурӯҳ» таҷҳизоти зарурӣ, аз қабили валидатор, сервер, диспенсер ва кортҳои пластикии пардохтиро ба ҷумҳурӣ ворид кардааст. Хароҷоти умумии маблағи таҷҳизоти воридшаванда 18172 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва аз ин ҳисоб пардохтҳои гумрукӣ 4343,1 ҳазор сомониро дар бар гирифта, 3434,1 ҳазор сомонӣ андоз аз арзиши иловашуда ва 906,6 ҳазор сомонӣ боҷи гумрукӣ мебошанд. Ин ҷо бамаврид аст зикр намоям, ки озод намудани воридоти таҷҳизоти зарурӣ аз боҷу пардохтҳои давлатӣ барои амалигардонии лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе» шароит фароҳам меоварад, ки бо ҷалби сармоягузориҳои дохилӣ ва ҳамкории минбаъда дар доираи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ширкатҳои ватанӣ дастгирӣ ёфта, барои татбиқи дигар лоиҳаҳои бузург ҷалб гарданд. Феълан насби валидаторҳо ба нақлиёти мусофиркашони коммуналии пойтахт — автобусу троллейбусҳо ва диспенсерҳо дар терминалҳои пардохтӣ сурат мегиранд.

Дар марҳилаи дуюм нақлиёти мусофирбари 13 ҷамъияти хусусӣ, ки дар соҳаи мусофиркашонӣ тибқи шартнома бо мақоми ваколатдори соҳа дар шаҳри Душанбе — Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» ба 77 хатсайр хизмат мерасонанд, бо таҷҳизот муҷаҳҳаз гардонда мешаванд.

Дар бораи кортҳои нақлиётӣ сухан ронда, Қурбон Саидзода зикр намуд, ки мусофирон баъди ворид шудан ба дохили нақлиёт бо истифода аз кортҳои пардохтӣ роҳкиро месупоранд. Валидатор ба тариқи худкор аз корт маблағи роҳкироро меситонад. Якчанд намуди корт ҷорӣ карда мешаванд, аз ҷумла кортҳои имтиёзноки хизматӣ, барои донишҷӯён ва ғайра.

- Барои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, инчунин шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва дигар шахсоне, ки барои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштаанд, тибқи тартиби муқарраргардида кортҳои имтиёзнок пешбинӣ мешавад, — иброз медорад муовини раиси шаҳр. — Дар доираи татбиқи лоиҳа, ба шаҳрвандоне, ки аз хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ мунтазам истифода мебаранд, кортҳои дарозмуҳлат бо тарофаҳои гуногун пешниҳод мегардад, ки тавозуни он дар терминалҳои маблағгузаронӣ, ки дар истгоҳҳо насб мешавад, пурра гардонида мешавад. Кортҳои имтиёзнок ба шахсони ба онҳо ҳуқуқдошта, тибқи рӯйхати шуъбаҳои ҳифзи иҷтимоии ноҳияҳои пойтахт, ки ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пешниҳод мегарданд, дода мешавад. Шахсоне, ки аз хориҷи кишвар ё аз гӯшаҳои дигари ҷумҳурӣ ба пойтахт меоянд, метавонанд аз нуқтаҳои фурӯш кортҳои якдафъаина харида, истифода баранд. Кортҳои арзишашон 5 ва 10 сомонӣ дар марказҳои калони тиҷоративу савдо низ ба фурӯш бароварда мешаванд.

Бо дарназардошти талаботи замони муосир қарор аст, ки пардохти роҳкиро бо чанд намуди дигари пардохт, аз ҷумла QR — код ва ба воситаи телефонҳои мобилӣ низ сурат бигирад.

Ҳоло дар шаҳри Душанбе зиёда аз 3500 нақлиёти мусофирбари истифодаи умум, аз ҷумла зиёда аз 300 автобуси калон ва 75 троллейбус мавҷуд буда, беш аз 3000 адади боқимонда нақлиёти хурди мусофирбар мебошанд.

- Ҳоло ба тариқи озмоишӣ дар 10 автобуси хатсайри №3 валидаторҳо насб шудаанд ва аз озмоиш мегузаранд, — мегӯяд Қурбон Саидзода. — Мутахассисон раванди амалишавии пардохтро тавассути ин таҷҳизот омӯхтаю мушоҳида карда истодаанд. Баъди ба анҷом расидани насби таҷҳизот марҳилаи якум расман оғоз меёбад. Минбаъд тартиби ворид гардидану поён шудан дар автобусу троллейбус ба тариқи зайл сурат хоҳад гирифт: Бо дарназардошти он ки валидатор дар қисмати аввали салони нақлиёт насб мешавад, биноан, мусофирон аз дари якум дохили нақлиёт шуда, бо истифода аз корти дар дастдошта аз тариқи валидатор роҳкирои хешро пардохт намуда, ба дарунтари салон мегузаранд ва ҳангоми фаромадан аз дарҳои дуюм ва сеюми нақлиёт истифода менамоянд.

Татбиқи лоиҳаи мазкур аз иқдомҳои нав дар роҳи беҳгардонии вазъи хизмат­расонии нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе маҳсуб меёбад. Бинобар ин, шояд дар марҳилаи аввал камбудиву норасоиҳо рӯи кор оянд, бинобар ин, пешниҳодоти шаҳрвандон низ, бобати ислоҳи камбудию норасоиҳо ба назар гирифта мешаванд. ҳамин тавр, қадами устуворе дар амри беҳдошти соҳа гузошта хоҳад шуд.

 Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум»