Ба истиқболи Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОЙӢ

№48 (3033) 19.04.2013

Симои пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе замони истиқлолият, бахусус солҳои охир, ба куллӣ тағйир ёфта, назаррабову дилработар гаштааст. Қасру хонаҳои баландошёна, иншооти замонавии маъмурӣ, фарҳангӣ, маишӣ, роҳу  кӯча ва  хиёбонҳои озода воқеан ҳар бинандаро мафтун мегардонад. Инро мо ҳамарӯза бо чашми хеш мебинем…

Ҳоло, бо истифода аз сарчашмаҳои таърихӣ, асосан матбуоти замони шӯравӣ, назаре меандозем ба таърихи на чандон дури ин шаҳри азиз. Аслан ин макони дилкашу гуворо, ки аз ҷиҳати ҷуғрофӣ низ дар мавқеи бисёр мувофиқ ҷойгир аст, аз замонҳои хеле қадим мавриди таваҷҷуҳи кишварҳои дигар, махсусан тоҷироне, ки дар Шоҳроҳи бузурги абрешим фаъолият доштанд, қарор  гирифта буд. Замони шӯравӣ низ ба Душанбе диққати махсус равона шуда буд. Агарчӣ онро як деҳаи пур аз чангу лой муаррифӣ мекарданду аз таърихи гузаштаи он ёдовар намешуданд…

Бино ба навиштаи нашрияи «Туркистанские ведомости» (соли 1887, №7), бо амри аморати Бухоро меъморони рус дар охирҳои садаи Х1Х дар шаҳрҳои Душанбе, Қаршӣ ва Шаҳрисабз ба бунёди се беморхонаи сохти аврупоӣ сар карданд, ки ҳар кадоме дорои панҷ ҷойи хоб буд. Соли 1921 беморхонаи шаҳрии рақами як  ҳамчун лазарети ҳарбии гарнизони Душанбе хизмат мекард. Ин беморхона дар як гӯшаи боғи фарҳангу истироҳати пойтахт (ҳоло боғи Рудакӣ) ҷойгир буд.

Саҳифаҳои рӯзномаи соли 1929 нашршудаи «Тоҷикистони сурх»-ро варақ зада, дар шумораи 7 январи он як маводи ҷолиб пайдо кардем, ки онро айнан ба хонандаи азиз пешкаш менамоем:

«Имсол дар фасли тобистон дар шаҳри Душанбе, дар майдони Фрунзе, иморати Хонаи Ҳукумат сар мешавад. Тамоми биноҳое, ки мобайни Хонаи Деҳқон то бинои Дорулахлоқ ҳастанд, ба бинои Хонаи Ҳукумат дохил хоҳанд шуд. Калонии ин хона иборат аз 45 ҳазор метри мукааб хоҳад буд. Тарзи сохтмони хонаи мазкур урупоӣ ва дутабақа хоҳад буд, печка ва василаҳои гарм мекардагиаш ба ин тариқ аст, ки дар як ҷои он хонаи оташ мекунанду аз он ҷо ба тамоми хонаҳои вай ба воситаи лӯлаҳои махсус бухори гарм дода мешавад. Ба ғайр аз ин, дар тамоми он иморат лӯлаҳои обкаш сохта хоҳанд шуд. Ба ин бино маблағи як миллион сӯм харҷ шуда ва сохтмонаш дар муддати 2-3 сол тамом хоҳад шуд. Тамоми назоратҳои Тоҷикистон, ба ғайр аз назорати молия, дар ҳамин иморат ҷойгир хоҳанд  шуд. Барои он ки смета ва тарҳрезии ин иморат бисёр нағз бошад, мусобиқа эълон шудааст.».

Соли 1983 дар шаҳри Душанбе нахустин омӯзиши археологӣ гузаронида, муайян карда шуд, ки Душанбе таърихи беш аз дуҳазорсола дорад.

Дар рӯзномаи «Садои мардум» солҳои гуногун оид ба таърихи шаҳри Душанбе чандин мавод ба табъ расонида шуд. Аз ҷумла яке аз хабарнигорони машҳур, шодравон Мақсуди Ҳусайн, ки якчанд сол дар ин рӯзнома фаъолият дошт, соли 1994 бо бостоншиноси маъруф, академики АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Нӯъмон Неъматов доир ба таърихи Душанбе суҳбатеро анҷом дода буд. Ҳоло аз ин мавод чанд маълумоти ҷолибро пешкаши хонандагон мегардонем:

«…Дар миёнаҳои ҳазораи якуми то милод дар водии Ҳисор якумин шаҳрро дар Ҳисор бунёд намуда ва Душанберо чун маркази шаҳр дар садсолаҳои сеюму дуюми то милод сохтаанд, ки боқимондаи онро ҳозир дар теппаи баланди канори рости рӯди Душанбе, дар маҳалли байни кӯчаи Исмоили Сомонӣ ва Боғи набототи АИ Тоҷикистон дидан мумкин аст. Замоне дар ин ҷо шаҳре буд, ки ба 40 гектар доман паҳн карда ва он то асрҳои ҳафтуму ҳаштуми то милод «умр дид». Дар Душанбе ва гирди шаҳр ёдгориҳои мансуб ба аҳди Юнону бохтарҳо ва кӯшониён фаровонанд. Дар давраи кӯшониён Теппаи Арки Мир, Теппаи Искандар барин маҳалҳои аҳолинишин ва аркҳо пайдо шуданд…

Душанбеи асри миёнаро дар солномаҳои хитоӣ бо номи Дами ва Ланши  зикр намудаанд, ки ин далели шӯҳрати шаҳр аст…

…Бостоншиносон аз қаламрави Душанбеи ҳозира се ҳазору сесад танга ёфтаанд. Пулҳое ҳастанд, ки дар аҳди қарохониён (асрҳои Х1-Х11), ғуриён Муҳаммад Хоразмшоҳ (1200-1220) ва солҳои 1428-1429 сикка задаанд, аз замони шайбониён ҳам тангаҳо мерос мондаанд.

…Исми Душанбе дар сарчашмаҳои таърихӣ бори аввал дар номаи хони Балх Субҳонқули Баҳодур ба шоҳи давлати Маскав Фёдор Алексеевич соли 1676 сабт шудааст.

…дар асри нуздаҳум атрофи Душанбе деворпеч (ғафсиаш 4-5 метр) буда, аҳолии зиёд дошт. Душанбе дар арзи таърих аз асари ҷангу кашмакашҳо, ҳуҷумҳои пай дар пай ва сӯхторҳо борҳо хароб гардид ва боз аз нав қомат рост кард.(М. Ҳусайн. Деҳаи аз қадим бе унвон. «Садои мардум», № 29 октябри соли 1994)

Инак, ба шарофати истиқлолият,  пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо азму талоши фарзандони фарзона ва баору номуси миллат эҳёву зебо гаштааст ва корҳои созандагиву ободонӣ мунтазам вусъати тоза пайдо мекунад.

 

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»