Ҷаҳони озод аз яроқи ҳастаӣ

№81-82 (3066-3067) 01.07.2013

Бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии  Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Осиёи Марказӣ бо ҷаҳон, озод аз силоҳи ҳастаӣ»  мизи мудаввар  баргузор гардид.

Дар нишасти мазкур муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саттор Холов, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон Оғибой Смогулов,сиёсатшиносону намояндагони воситаҳои ахбори омма, намояндагони корпусҳои дипломатии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва  мутахассисону коршиносони соҳа ҳузур доштанд.

Муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Саттор Холов зимни суханрониаш изҳор намуд, ки муҳофизат аз хатарҳои яроқи ҳастаӣ уҳдадории стратегии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.

Ҳамчунин Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии  Қазоқистон дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон Оғибой Смогулов зикр дошт, ки хатари паҳншавии яроқи ҳастаӣ ҳамчун хатари ҷиддӣ боқӣ мемонад. Тавре ӯ гуфт, 28-уми сентябри соли 1993 Президенти  Ҷумҳурии Қазоқистон зимни суханрониаш дар нишасти 48-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид  мавқеи худро дар мавриди чӣ гуна безарар гардонидани  Осиёи Марказӣ аз хатарҳои ҳастаӣ баён намуда буд. Шуруъ аз соли 1993 тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Шартнома дар бораи манъи паҳншавии силоҳи ҳастаӣ ва Шартнома дар бораи манъи умумии озмоишҳои ҳастаӣ ҳамроҳ шуданро оғоз  карданд.

Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Қазоқистон 13-уми декабри соли 1993 шартномаи мазурро  тасвиб намуд.  Қирғизистон 5 июли соли 1994 ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 январи соли 1997 ин созишномаро ба тасвиб расониданд.

26 майи соли 1995 дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон дар майдони зеризаминӣ охирин неруи ҳастаӣ нобуд карда шуд.

Ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчунин протоколи иловагиро ҷонибдорӣ намуданд. Протоколи иловагиро  Ҷумҳурии Ӯзбекистон 22 сентябри соли 1998 имзо ва 21 декабри соли 1998 ба тасвиб расонид. Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 июли соли 2003 ин протоколи иловагиро имзо ва 14 декабри соли 2004 ба тасвиб расонид. Ҷумҳурии Туркманистон, ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Қирғизистон низ ин протоколро ба тасвиб расониданд.

- Моҳи декабри соли 2009 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид 29-уми августро Рӯзи байналмилалии амалҳо алайҳи озмоишҳои ҳастаӣ эълон кард, -изҳор кард  Оғибой Смогулов.

Дар ҷараёни  мизи мудаввар масъалаҳои дурнамоҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон дар самти пешгирии паҳн нашудани яроқи ҳастаӣ, нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сиёсати ҳудуди бидуни ҳастаӣ дар Осиёи Марказӣ,   мақоми беҳастаии Қазоқистон чун кафолати амнияту суботи минтақаи Осиёи Марказӣ  ва масъалаи партовҳои боқимондаи замонҳои Шӯравӣ дар кишварҳои собиқ, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ, мавриди муҳокима қарор гирифт.

Чанде пеш  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ» қабул шуд. Ҳолати  феълии идоракунии партовҳои радиоактивии коркарди саноати уран ташвишовар аст. Аз ин сабаб зарур аст, ки системаи ягонаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ ба роҳ монда шавад. Барои амалӣ кардани ин мақсадҳо омода намудани заминаи ҳуқуқии муомилот ба партовҳои радиоактивӣ бамаврид аст.  Бояд гуфт, ки мақсад аз қабули қонун ба танзим даровардани муносибатҳои вобаста ба партовҳои радиоактивӣ барои таъмини ҳифзи аҳолӣ ва муҳити зист аз таъсири зарари партовҳои радиоактивӣ мебошад.

Солҳои пеш партовҳои радиоактивии корхонаҳои истеҳсоли уранро аз аксари кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба  ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда,  зери хок мекарданд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз даҳ партовгоҳи радиоактивӣ мавҷуд аст. Ба гуфтаи мақомоти марбута, баъд аз соли 1992 ба ҷуз  аз партовгоҳи шаҳри  Истиқлол (Табошар) ва Деҳмой, дигар партовгоҳҳо то андозае бехатар карда, рӯйпӯш гардиданд.

Дар ҷамъбаст иштирокчиёни мизи мудаввар оид ба ин мавзуи муҳим фикру ақидаҳои худро иброз намуданд.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»