Ҷаласаи кории Раиси шаҳри Душанбе

№113 (3259) 30.09.2014

Тантанаҳои ҷашни истиқболи  90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри дилорои Душанбе, тибқи тақвими муқарраргардида, нуҳ рӯз идома меёбад.

Ин ҷашни таърихӣ, ки душанбегиён ба ифтихораш 900 рӯз боз омодагӣ гирифта истодаанд, 11 октябри соли равон таҳти шиори «Мо метавонем!» оғоз мегардад.

Идомаи ҷашн 12 октябри соли 2014 дар тамоми шаҳраку маҳаллаҳо аз соати 10-и субҳ оғоз гардида, дар Муассисаи давлатии «Маҷмааи савдои Пойтахт — 90» намоиш – ярмаркаи маҳсулоти ниёзи аввалия барои ғановати дастурхони идонаи сокинон ва намоиши ҳунарию  фароғатӣ роҳандозӣ карда мешавад.

Рӯзҳои 13-уми октябр дар Боғи устод Рӯдакӣ  барои сокинони ноҳияи Исмоили Сомонӣ, 14-уми октябр дар Майдони 800-солагии Москва барои сокинони ноҳияи Шоҳмансур, 15-уми октябр дар боғи Дӯстии халқҳо барои сокинони ноҳияи Фирдавсӣ ва 16-уми октябр дар боғи Кӯли ҷавонон барои сокинони ноҳияи Сино бо иштироки бевоситаи Маҳмадсаид Убайдуллоев (соати 1730) тантанаҳои ҷашнӣ доир карда мешаванд.

Тибқи барномаи алоҳида, 17 октябр Рӯзҳои фарҳангии Санкт-Петербург дар шаҳрамон оғоз мегардад. 18 октябр (соати 1000) ҷаласаи тантанавӣ ва консерти идонаи 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ  баргузор мешавад ва 19 октябр (соати 10 00) Карнавали идонаи сокинони шаҳр дар боғи Наврӯзгоҳ маъракаҳои ҷашниро анҷом мебахшад.

Дар доираи ин чорабиниҳо тамоми озмунҳои ихтисосии қаблан аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе эълонгардида ҷамъбаст ва сокинони 90-солаи пойтахт аз тарафи Раиси шаҳри Душанбе қадрдонӣ мешаванд.

Масъалаҳои мазкур дар ҷаласаи васеи кории Раиси шаҳри Душанбе, ки  27 сентябри соли 2014 бо иштироки фаъолони шаҳр доир гардид, маротибаи дигар аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев матраҳ гашта, аз кулли сокинони шаҳр даъват карда шуд, ки дар танинандозии фазои идонаву ободкориҳо дар шаҳр фаъолона ширкат варзанд.

Ш. Саидов, котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе