Ҳамкорӣ бо ширкати «Глобал констракшен»

№151 (3136) 30.11.2013

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе бобати вусъати раванди ободониҳо ва тавсеабахшии чораҳо оид ба хуштарҳу зебо гардидани симои меъмории шаҳр  пайваста тадбирҳои муассирро, тибқи нақшаи тасдиқгардида, амалӣ месозад.

Дар иртибот ба ин 26 ноябри соли 2013 раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев директори ширкати «Глобал констракшен»-и шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон  ҷаноби Торгул Мамедовро, ки ба Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқоти самимӣ ҷонибҳо масоили роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар мавриди татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе бо истифода аз таҷрибаи шаҳрсозӣ ва таҷдиду ороиши меъмории тарҳи берунаи биноҳои сохташаванда ва мавҷуда тавассути коргирӣ аз технологияҳои муосири сохтмонӣ дар шаҳри Боку, ки ширкати мазкур дар ин ҷода нақши муҳим дорад,  матраҳ намуданд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо шиносойӣ аз таҷрибаи корбарӣ ва истеҳсолии ширкати «Глобал констракшен»-и шаҳри Боку дар иртибот ба аз ашёи кимиёвии полиуретан истеҳсол ва мавриди истифода қарор додани маҳсулоти масолеҳи сабуки ороишии сохтмонӣ, ки дорои сертификати сифати Федератсияи Россия ва Иттиҳоди Аврупо мебошад, зикр сохт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои ҳамкорӣ бо ширкати мазкур дар самти беҳбудбахшии симои берунӣ ва мунавварсозии шабонаи биноҳои баландошёнаи шаҳр омода аст.

Ширкати «Глобал констракшен» имкон дорад тавассути иштирок дар тендерҳои байналмилалии эълондоштаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ғолибият дар онҳо барои муаррифии масолеҳи сохтмонии худ комёб гардад. Ба он маънӣ, ки рушди сохтмон ва бунёди биноҳои гуногунтаъинот дар шаҳри Душанбе ба ин гуна масолеҳи муосири сохтмонӣ зарурат дошта, истифодаи онҳо симои меъмории шаҳрро дилработар хоҳад намуд ва ташкили корхонаи истеҳсоли маводи мазкур дар шаҳри Душанбе мувофиқ ба мақсад мебошад.

Ҷаноби Торгул Мамедов аз пазироиву муҳтавои суҳбати ихтисосӣ ва пешниҳодоти Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳори сипосмандӣ карда, таъкид намуд, ки маротибаи нахуст аз Душанбе дидан мекунад ва қоматафрозии биноҳои навсохту муҳташам баёнгари рушди сохтмону меъморӣ дар ин шаҳр аст. Омўзиши лоиҳаҳои сохтмонӣ ва шиносойии бевосита аз Нақшаи генералию ҷойгиршавии бинову иншооти шаҳри Душанбе ба онҳо имкон хоҳад дод, ки лоиҳаи мушаххасеро оид ба таҷдиди симои берунаи онҳо таҳия намуда, ба баррасии раиси шаҳр манзур созанд.

Барои расидан ба ин ҳадафҳои созанда, дар фарҷоми мулоқот баҳри баррасии касбии масъалаҳои матраҳшуда гуруҳи кории муштарак аз ҳисоби мутахассисони ҷонибҳо созмон дода шуд, ки самтҳои ҳамкориро  дақиқ  ва тафоҳумоти марбутаро оид ба роҳандозии робитаҳои мутақобилан судманд ва гуногунҷабҳа миёни шаҳрҳои Боку ва Душанбе омода хоҳанд намуд.

Дар ин мулоқот ҳамчунин Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон ҷаноби Гасанов Аббасалӣ Каром Оглу ширкат дошт.

Ш. Саидов, котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе