Ҳамкориҳои аҳли ҷамоатчигиро бояд тақвият бахшид

№52 (3037) 29.04.2013

23 апрели соли 2013 дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасон»-и шаҳри Душанбе оид ба тақвияти ҳамкориҳои кумитаҳои падару модарон, мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарони кулли мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт ҷаласаи васеи масъулин доир гардид.

Ҷаласаи мазкур бо хулоса аз оқибатҳои фалокатбори ҳодисаи нангини дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №37-и ноҳияи Синои шаҳри Душпнбе рухдода дар асоси дастури раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳамчун амали вокунишӣ нисбати пешгирӣ аз чунин кирдорҳои фоҷиаовари ноболиғон бо истифода аз имконоти аҳли ҷамоатчигӣ сурат гирифт.

Дар ҷаласа, ки таҳти раёсати муовини раиси шаҳри Душанбе Санавбар Раҳимова гузашт, прокурори шаҳр Саймурод Қодиров ва муовини аввали сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Саидхӯҷа Мирзохӯҷаев оид ба вазъи ҷинояткорӣ миёни ноболиғон, пайомадҳои татбиқи талаботи қонунгузорӣ нисбати онҳо ва падару модарон гузориши муфассал доданд.

Бо мақсади тақвияти корҳои пешгирикунандаву фаҳмондадиҳӣ, дар ҷаласа қарор дода шуд, ки чунин ҳамоишҳо минбаъд моҳе як маротиба дар ҳар ноҳияи шаҳр баргузор карда шавад.

Ш. САИДОВ,

котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе