Аз Наврӯз то Наврӯз пешравиҳо назаррасанд

№44 (3029) 09.04.2013

ДУШАНБЕ. ( Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум») Тибқи иттилои котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар корхонаҳои соҳаи саноати мошинсозӣ, мудофиа ва химия дар як соли сипаришуда, то Наврӯзи имсола азнавсозию тармиму барқарорсозии корхонаҳо ва сохтмони як қатор корхонаҳои нав анҷом дода шуд. Дар ин муддат ба маблағи 238,1 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки ин нисбат ба соли 2011 -ум 44,6 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 123,1 фоизро ташкил мекунад. Аз Наврӯзи соли 2012 то Наврӯзи соли 2013 дар маҷмуъ аз ҳисоби ба истифода додани корхона ва коргоҳҳои нав дар соҳа қариб 340 ҷойи нави кор таъсис шуда, ба маблағи 11,3 миллион доллари ИМА дастгоҳу таҷҳизот ва хатҳои технологӣ ворид карда шудааст.