Филсозиҳои Сайфуллозода аз пашша

№75-76 (3060-3061) 21.06.2013

Қазияи боздошти Зайд Саидовро ҳар гурӯҳе ба нафъи худ истифода мекунанд. Яке аз чунин гурӯҳҳое, ки барои баланд бардоштани эътибораш аз тамоми имконият истифода мебарад, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) мебошад. Роҳбарони ҲНИТ низ лаҳзаро муносиб дарёфта, бо ҳама роҳ талош доранд худро дар чашми мардум ғамхору роҳбалад ва ҳукуматро ҳимоятгари манфиати одамони алоҳида нишон диҳанд, аммо ба касе пӯшида нест, ки сохтори давлатдории навини тоҷикон ҳаргиз дар ин роҳ қарор надошту надорад.

Намояндагони ҲНИТ барои ноил гаштан ба мақсадҳои худ аз воситаҳои ахбори омма истифода мебаранд, зеро хуб медонанд, ки дурӯғи эшонро баъзе мардумони содда бовар мекунанд. Яке аз чунин шахсони иғвоангезу кинаҷӯй Ҳикматуллоҳи Сайфуллозода, сардабири ҳафтаномаи «Наҷот», мебошад. Аз замоне, ки ӯ ба ин вазифа таъин шудааст, ҳамеша мақолаҳои иғвобарангезро ба нашр мерасонад. Яке аз навиштаҳояш дар  «Наҷот» (№ 21(738)  аз 23-юми майи соли 2013) бо номи «Муроҷиат» ба нашр расидааст.

Аз хондани ин сатрҳо аён мегардад, ки ҷаноби Сайфуллозода ҳисси бадбинӣ нисбати Давлату Ҳукумати Тоҷикистон дорад: «Алайҳи як инсон, як чеҳраи маъруф дар ҷомеаи кишвар тамоми дору дастгоҳи давлатӣ «ҷанг» эълон кардааст ва ҳатто майдатарин сӯрохеро дар манзилу ҳар он ҷое, ки ба Зайдуллоҳ бастагӣ ё рабт доранд, мӯшикофона мекованд ва зарбаи равоние мерасонанд ба наздикону атрофиёни ӯ ва маҳаллаву корхонае».

Агар ба суханҳои ҷаноби Сайфуллозода бовар кунӣ, пас  ҳар нафаре, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад, дар ҳолати содир кардани ҷиноят бояд суду прокуратура ба кори ӯ дахолат накунанд. Агар чунин бошад, пас ин ниҳодҳо барои чӣ лозиманду ба кӣ хизмат мекунанд? Аз нигоҳи дигар, то ҳол касе бар зидди ӯ ҷанг эълон накардаасту ният низ надорад. Тавре расонаҳои хабарӣ баён медоранд,  дар ин миён танҳо Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисбати Зайд Саидов бо гумони даст доштанаш  дар  гирифтани пора парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаасту  халос.

Аз навиштаҳои Сайфуллозода аён мегардад, ки ӯ мақоли тоҷикии «аз пашша фил сохтан»-ро нағз аз худ кардаву аз рӯйи он доим амал мекунад. Агар чунин намебуд, ҳаргиз ин суханҳои бемантиқу дур аз ҳақиқатро рӯйи коғаз наменигошт.

Ҳамзамон сардабири ҳафтаномаи «Наҷот»  дар ҷойи дигар мегӯяд: «Барои ҳамин ҳам доираҳои таҳлилӣ ва сиёсӣ, албатта, онҳое, ки ба раванди шакл гирифтани «қазияи Зайд Саидов» то ҷое думбол мекунанд, ҳамаи инро амалкарди тарсуӣ, нангин ва сиёсӣ унвон карданд. Дар мавриди сиёсӣ будани қазия паҳнкуниҳои варақаҳое низ дар кӯчаву бозорҳои пойтахт далолат мекунанд, ки дигар шакку тардиде боқӣ намонд».

Агар боздошти гумонбар дар ҷиноят амали тарсуӣ, нангин ва сиёсӣ бошад, пас бояд дар кишвар ҳар нафаре, ки соҳиби молу мулк, дороии зиёд аст,  набояд дигар тобеи қонун бошаду ҳар кору амалеро, ки дилаш мехоҳаду манфиатдор аст, озодона ҳамонро анҷом диҳад.  Аммо айни замон чунин рафтор дар кадом кишвари мутамаддин дида мешавад? Мутмаинам, ки дар ҳеҷ кадом. Аз рӯйи мантиқи андешаи ҷаноби Сайфуллозода, ӯ майл дорад, ки дар Тоҷикистон танҳо як қонун ҳукмфармо бошад: қонуни ҷангал.

Ҷамшеди Хуршед