Густариши ҳамкориҳои дуҷониба

№52 (3037) 29.04.2013

ДУШАНБЕ. ( Фирӯза ҲАБИБУЛЛОЕВА, «Садои мардум»)  Чанде пеш вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо роҳбари Ширкати «Ходайз Тоҷикистон» Шрихари Ходай мулоқот намуд. Дар ин хусус аз котиботи вазорати мазкур иттилоъ доданд.

Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои  дуҷониба оид  ба итмом расонидани омӯзиши пешакии асосноккунии техникию иқтисодии  НБО-ҳои «Нуробод-1», «Нуробод-2» дар дарёи Обихингоб,  НБО-и «Фондарё» дар дарёи Фондарё, тавсеаи муносибатҳои мутақобилан судманд дар бахши энергетика ва ташкил намудани корхонаҳои заргарӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо аз натиҷаҳои вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки густариш додани ҳамкориҳо дар ин бахш ба манфиати ҷонибҳо хоҳад буд.