Иҷрои нақшаи боғу токпарварӣ ба 98,9 фоиз расид

№44 (3029) 09.04.2013

ДУШАНБЕ. (Хайруллои АБДУВАҲҲОБ, «Садои мардум»)   Ба иттилои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли ҷорӣ  нақшаи бунёди боғу токзор дар кишвар 7850  гектарро ташкил медиҳад, ки аз он 2725 гектар зардолу, 885 гектар ток ва 145 гектар               сиёҳолу мебошад. То санаи 3 апрели соли равон дар ҷумҳурӣ 7679 гектар  боғу токзор бунёд шудааст, ки баробари 98,9 фоизи нақша мебошад. Дар майдони 3188 гектар боғи зардолу (117 фоиз), 87,5 гектар боғи сиёҳолу (60,3 фоиз) ва 461 гектар (52 фоиз) токзор бунёд шудааст.