Мулоқот бо адибон

№45-46 (3030-3031) 12.04.2013

ДУШАНБЕ. (Мирзо РУСТАМЗОДА, «Садои мардум»)Чанде пеш дар толори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии адибон- Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматулло Мирзоев, нависанда Амирхон Аҳмадхонов ва тарҷумон Амирхон Азимов бо шунавандагони муассисаи мазкур баргузор гашт. Чорабиниро сардори Академия, генерал – лейтенанти милитсия Розиқзода Абдулҳакими Шералӣ ҳусни оғоз бахшида, нақши  созандаи асарҳои бадеиро дар пешрафту ташаккули соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла  милитсия, муҳим арзёбӣ намуд.