Нахустин намоишгоҳи «Авто ретро Душанбе-2013»

№47 (3032) 16.04.2013

21 апрели соли 2013 бори нахуст дар шаҳри Душанбе Фестивал-намоишгоҳи автомобилҳои коллексионии «Авто ретро Душанбе» баргузор мегардад. Чорабинии мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар доираи таҷлили «Рӯзи пойтахт» сурат мегирад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев таҳти №169 аз 5 апрели соли 2013 «Дар бораи гузаронидани Фестивал-намоишгоҳи автомобилҳои коллексионии «Авто ретро Душанбе-2013» ба тасвиб расидааст.

Мутобиқи қарори мазкур, Фестивал-намоишгоҳи автомобилҳои коллексионии «Авто ретро Душанбе-2013» дар майдончаи назди роҳи ҳалқавии буриши кӯчаи Карамов ва хиёбони Ҳофизи Шерозӣ баргузор ва паради автомобил-ҳои коллексионӣ дар самти кӯчаи Карамов, хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Садриддин Айнӣ ва Аҳмади Дониш гузаронида мешавад. Дар намоишгоҳ зиёда аз 70 автомобили гуногунтамғаи истеҳсоли солҳои 1931-1970, аз ҷумла:

• ГАЗ-М-1 («Эмка»);

• ГАЗ-АА (мошини боркаши якунимтоннагӣ);

• ГАЗ-ММ (мошини боркаши якунимтоннагӣ);

• «ЗИС» 110 Седан ва «ЗИС» 110 Б Кабриолет;

• «ЗИМ» М 12;

• «Чайка» ГАЗ 13 ва ГАЗ 14;

• «Победа» М 20 Седан, М 20 Кабриолет, М 72,

• «Волга» ГАЗ 21, ГАЗ 21 УС, ГАЗ 22, ГАЗ 22 УС, ГАЗ 23, ГАЗ 2401, ГАЗ 2402, ГАЗ 2410, ГАЗ 3101, ГАЗ 3110;

• ГАЗ 67 А ва ГАЗ 67 Б;

• ГАЗ 69 А ва ГАЗ 69 Б;

• «Жигули» ВАЗ 2101, ВАЗ 21011, ВАЗ 2102, ВАЗ 2103, ВАЗ 2104, ВАЗ 2105, ВАЗ 2106, ВАЗ 2107;

• «Москвич» М 400, М 401, М 402, М 403, М 407, М 408, М 410, М 423, М 426;

• Запорожец ЗАЗ 965 ва ЗАЗ 968;

• Mercedes Benz 300 — барориши соли 1951-300-Series;

• Mercedes Benz 170 — барориши соли 1938;

• Mercedes Benz 230 W143 — барориши соли 1938;

• Buick Centuria — барориши соли 1937;

• Buick Special — барориши соли 1938;

• Ford model — барориши соли 1932;

• Ford GPA амфибия — барориши соли 1943;

• Opel Admiral — барориши соли 1937;

• Opel Kapitan — барориши соли 1938;

• Opel Olimpic — барориши соли 1939;

• Humber Super Snipe барориши соли 1958;

• Plymouth Savoy — барориши соли 1956;

• Plymouth Valiant — барориши соли 1972;

• Nissan President — барориши соли 1970,

ҳамзамон навъҳои мототсикли УРАЛ, ИЖ ва ЯВА гузошта мешавад.

Ҳадаф аз баргузории фестивал- намоишгоҳи мазкур, пеш аз ҳама, ҳифз ва нигоҳдошти автомобилҳои дорои арзиши таърихиву фарҳангӣ мебошад. Ташаббускор ва роҳбари гурӯҳи дӯстдорони коллексионии автомобилҳои куҳансохт Артем Гейвандов мебошад.

Хоҳишмандон барои иштирок метавонанд бо телефонҳои: 985-27-94-94, 917-04-93-93, 935-83-00-33, 918-64-01-36 дар тамос шаванд. Ширкат дар намоишгоҳи мазкур ройгон сурат мегирад.