Ғолибон қадрдонӣ шуданд

№44 (3029) 09.04.2013

ДУШАНБЕ. ( Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум») Бино ба иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади тарғиби  муай-тай ( намуди варзиш) дар ҷумҳурӣ, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон ва муайян намудани узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон  6-7 апрели  соли равон дар   шаҳри Душанбе  чемпионати Ҷумҳуриии Тоҷикистон доир гардид. Дар мусобиқа дастаҳои вилоятҳои «Хатлон — 1», «Хатлон — 2», «Суғд», «ВМКБ», «Душанбе -1», «Душанбе -2», «Душанбе — 3»,  шаҳру навоҳии тобеи марказ, ҷамъияти варзишии «Динамо» ширкат карданд. Дар ҷамъбасти мусобиқа ғолибон бо медалу дипломи кумитаи мазкур ва туҳфаҳои таъсисдодаи сарпарастон қадрдонӣ шуданд.