Ҳосили гармхонаҳо ба аҳолӣ пешкаш мешавад

№42-43 (3027-3028) 05.04.2013

ДУШАНБЕ. (Хайруллои АБДУВАҲҲОБ, «Садои мардум») Дар гармхонаҳои ҷумҳурӣ, ки майдони 72,75 гектарро ташкил медиҳанд, то 1 апрели соли равон дар майдони 53,67 гектар кишти сабзавот гузаронида шудааст. Аз майдони умумии кишт 22,52 гектар помидор, 12,18 гектар бодиринг ва 18,97 гектари он сабзавоти дигар мебошад. Аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо хабар доданд, ки то имрӯз дар ҷумҳурӣ ба миқдори 201,1 тонна помидор, 94,7 тонна бодиринг ва 151,9 тонна дигар намуди сабзавот истеҳсол шудааст.