Озмуни «Бонуи баҳор — 2013»

№28 (3013) 08.03.2013

ДУШАНБЕ. (Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум») Дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Модар ҷамъомади идона баргузор гардид. Ҷамъомадро вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ ифтитоҳ намуда, бонувонро ба муносибати Рӯзи Модар табрик кард. Сипас, барои меҳнати шоиста ва саҳми арзанда дар соҳаҳои энергетика ва саноат бонувон бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардиданд.

Дар қисмати дуюми чорабинӣ озмуни «Бонуи баҳор-2013» доир шуд. Дар озмун ғолибони бахшҳои «Кадбонуи беҳтарин», «Бонуи зеботарин», «Мутахассиси беҳтарин», «Модари беҳтарин», «Бонуи соҳибмаърифат» ва «Бонуи Баҳор- 2013» муайян ва қадрдонӣ гардиданд.