Рӯзҳои фарҳанги Украина дар Тоҷикистон

№67 (3052) 06.06.2013

ДУШАНБЕ. (Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум») Бо мақсади таҳкими робитаҳои фарҳангии байни кишвари Украина ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 то 27 июни соли равон Рӯзҳои фарҳанги Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Чорабинии фарҳангиро муовини вазири фарҳанги Украина Виктор Степанович Балюрко сарварӣ намуда, ба ин ҳайат намояндагони аҳли фарҳангу ҳунари Украина – Оркестри миллии академии созҳои халқии Украина, Ансамбли «Древляне», ҳунарпеша Елена Проскуряко ва дигарон шомил мебошанд.  Ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Украина шоми 24 июн дар  Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ доир мешавад.

25 июн меҳмонон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуда, тибқи барнома дар ин рӯз сафар ба шаҳри Норак, Китобхонаи «Дӯстии халқҳо» ва консерти ҳунармандони Украина дар назар аст. Дар доираи «Ҳафтаи кинои Украина», рӯзи 25 июн намоиши филми «За двумя зайцами» ва рӯзи 26 июн филми «В бой идут одни старики» дар Кохи «Ҷомӣ» ба нақша гирифта шудааст.