Системаи «Онлайн»-и фурудгоҳ 6,5 миллион доллари аҳолиро сарфа кард

№161 (3146) 28.12.2013

Адади муроҷиаткунандагони Системаи нави иттилоотие, ки моҳи марти соли 2012 дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе роҳандозӣ гардида буд, бамаротиб зиёд шуд. Агар соли гузашта ба шуъбаи мазкур 15 027 мусофир муроҷиат намуда, ба 1029 нафар манъ будани вуруди онҳо ба қаламрави Россияро фаҳмонида, тақрибан ба ин васила як миллион доллари амрикоии шаҳрвандони Тоҷикистон сарфа шуда бошад, имсол аз ибтидо то 30 ноябри соли ҷорӣ ба шуъбаи иттилоъдиҳӣ 77 121 нафар шаҳрвандони кишвар муроҷиат карданд, ки аз ин шумора ба 8 659 нафар бобати манъ будани вуруд ба қаламрави Федератсияи Россия маълумот дода шудааст. Аз ин ҳисоб тақрибан 6 481 960 доллари амрикоии шаҳрвандони кишвар сарфа гардидааст.

Дастрас намудани маълумоти саҳеҳ дар реҷаи «Онлайн» дар асоси шартномаи ҳамкорӣ миёни хадамоти муҳоҷирати кишварҳои Тоҷикистон ва Россия имконпазир гардид. Хубии кор дар он аст, ки нафарони вурудашон ба қаламрави Федератсияи Россия манъбуда иттилои пешакӣ гирифта, аз сафарҳои бебарор худдорӣ намуда, хароҷоти зиёдатии буҷети хонаводагиро пешгирӣ менамоянд.

Боиси зикр аст, ки соли равон адади муроҷиаткунандагон бамаротиб зиёд шудааст ва ҳар як шаҳрванд пеш аз харидории чиптаи ҳавопаймо донистан мехоҳад, ки иҷозаи вуруд ба қаламрави Федератсияи Россияро дорад ё не? Зиёдшавии муроҷиаткунандагонро бахше аз коршиносон агар ба тадбирҳои берунсозии муҳоҷирони меҳнатӣ аз Россия нисбат диҳанд, бархеи дигар ба фаъол шудани шаҳрвандон ва баланд шудани савияи дониши ҳуқуқии онҳо нисбат медиҳанд.

Муҳаммадюсуф Шодиев, котиби матбуотии ФБД