Солномаи гуфтушунидҳои байни тоҷикон

№74-76 (3711-3713) 24.06.2017

ВахдатИЗҲОРОТИ МОСКВА

27 июни соли 1997, Москва

Мо — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Ш. Раҳмонов, роҳбари Иттиҳоди неруҳои оппозитсияи тоҷик С. А. Нурӣ ва намояндаи махсуси Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид Г. Д. Меррем, имрӯз дар Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро имзо намудем. Ҳамин тавр, гуфтушунидҳои байни тоҷикон доир ба оштии миллӣ бомуваффақият анҷом ёфтанд.

Баъди панҷ соли зиддияти шаҳрвандӣ, ки дар таърихи бисёрасраи мамлакатамон саҳифаи фоҷианоктаринро зам намуд, рӯзи деринтизори умеду боварӣ ба хирад фаро расид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари Иттиҳоди неруҳои оппозитсияи тоҷик ба Созмони Милали Муттаҳид, ки зери ҳимоя ва миёнаравии он дар тӯли се сол раванди гуфтушунид ҷараён дошт, сипосгузории амиқи хешро изҳор медоранд. Онҳо изҳори эътимод менамоянд, ки СММ ба Тоҷикистон дар роҳи татбиқи аҳду паймонҳои ноилшуда мадад ва мусоидат менамояд.

Мо аз кишварҳои нозир дар гуфтушунидҳои байни тоҷикон – Давлати Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Туркманистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои кумаки ҳамаҷониба ва беғараз дар солҳои имтиҳоноти барои халқи мо душвор муташаккирем. Созиши сатҳи байналмилалии кафолат додани иҷрои Созишнома эътимоди моро дар бораи он ки ҳамаи уҳдадориҳои зикршуда бо пуррагӣ ва дар муҳлаташон амалӣ мегарданд, мустаҳкам менамояд.

Мо дар раванди гуфтушуниди байни тоҷикон ба нақши Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Созмони Конфронси исломӣ баҳои баланд дода, изҳори боварӣ менамоем, ки онҳо ҳамчунин, барои иҷрои аҳду паймонҳо мусоидат менамоянд.

Ба марҳилаи нави масъулиятноки дар ҳаёт амалӣ намудани дастуруламалҳои Созишномаи умумӣ ворид гашта, мо бори дигар аз саъю кӯшишамон баҳри ҳар чӣ зудтар муваффақ шудан ба сулҳ ва ризоияти миллӣ дар мамлакатамон изҳор менамоем.

 Э. Ш. РАҲМОНОВ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

С. А. НУРӢроҳбари Иттиҳоди неруҳои оппозитсияи тоҷик,

Г. Д. МЕРРЕМ, намояндаи махсуси Котиби генералии СММ дар Тоҷикистон

  СОЛИ 1994

 5 – 19 апрел – даври якум

Дар Москва вохӯрии якуми вакилони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони мухолифин баргузор шуд. Ҳайати ҳукуматиро вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ Шукурҷон Зуҳуров (ҳоло Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон), ҳайати мухолифинро муовини роҳбари Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода сардорӣ мекарданд.

18 – 28 июн –даври дуюм

Маҳалли вохӯрӣ – Теҳрон. Ягон созишнома ба имзо нарасид.

 9 сентябр

Дар Теҳрон гуфтушунидҳои бошиддати омодасозии созишнома барои имзо оғоз гардиданд.

 17 сентябр

Дар Теҳрон ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мухолифин Созишномаро доир ба оташбаси муваққатӣ ва дигар амалиётҳои душманона дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дар давраи гуфтушунидҳо ба тасвиб расонданд. Изҳороти муштарак аз рӯи натиҷаҳои машваратҳои байни тоҷикон доир ба оштии миллӣ қабул гардид. Ҳайатҳоро аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон – муовини аввали Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаҷид Достиев, аз ҷониби мухолифин – Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода роҳбарӣ мекарданд.

 30 сентябр

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (он вақт Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) Эмомалӣ Раҳмон дар Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) бо ташаббус ба неруҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Тоҷикистон додани мақоми «Неруҳои ҳомии сулҳ таҳти назорати СММ» суханронӣ намуд.

 20 октябрь – 1 ноябр – даври сеюм

Дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон даври сеюм баргузор шуда, ду санад ба имзо расид: Протокол дар бораи Комиссияи муштараки татбиқи Созишнома оид ба оташбаси муваққатӣ ва дигар амалиёти душманона дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ва дохили мамлакат;  Изҳороти якҷоя доир ба натиҷаҳои даври сеюми гуфтушуниди байни тоҷикон дар бораи оштии миллӣ.

7 ноябр

Федератсияи Россия Шӯрои амнияти СММ–ро дар бораи бо қарори вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои ИДМ дароз кардани муҳлати будубоши Неруҳои коллективии ҳомии сулҳ (НКҲС)-и ИДМ дар Тоҷикистон то 30 июни соли 1995 огоҳ сохт.

14 ноябр

Намояндагони расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мухолифин дар Душанбе маҷлиси аввалини дар чаҳорчӯбаи аҳду паймони Теҳрон ташкилёфтаи комиссияи муштаракро доир карданд.

16 ноябр

Шӯрои амнияти СММ қатъномаро дар бораи таъсис додани ҳайати намояндагии СММ дар Тоҷикистон барои назорат аз болои иҷрои созишномаи оташбас қабул намуд.

Аҳамияти аввалиндараҷа дар он ба ҳамкории ҳайати намояндагии СММ бо Неруҳои коллективии ҳомии сулҳ (НКҲС) дода мешуд.

 

СОЛИ 1995

 12 – 14 январ

Дар ҳузури намояндагони СММ, Вазорати корҳои хориҷии Эрон ва дип­ломатҳои Россия гуфтушунидҳо бо мухолифин баргузор гаштанд.

Роҳбарияти Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон ба сифати шарт барои розигӣ ба идомаи гуфтушунидҳо бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор талаботи қатъӣ ба унвони Россия пеш гузошт. Намояндагони СММ ин талаботро «номақбул» баҳо дода, огоҳ сохтанд, ки масъулият барои имконпазирии вайрон кардани гуфтушунидҳо дар зиммаи мухолифин хоҳад буд.

Охири моҳи январ Шӯрои амнияти СММ барои ба ҷумҳурӣ равон намудани ҳайати иловагии низомӣ қарор қабул намуда, баробари ин қайд кард, ки созишномаи оташбас риоя карда намешавад.

31 январ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи омода будан ба тамдиди Созишнома дар бораи оташбаси муваққатӣ ба Котиби генералии СММ нома ирсол намуд. Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода низ бо чунин мазмун аз ҷониби муқобил дар бораи тамдиди шартнома то 6 март ба муносибати моҳи шарифи Рамазон муроҷиат кард.

7 феврал

Намояндаи Котиби генералии СММ аз Ню–Йорк даст кашидани роҳбари намояндагони мухолифини тоҷикро аз гуфтушуниди даври чорум дар Москва хабар дод.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Москва гузаронидани даври чоруми гуфтушунидро исрор намуданд.

17 феврал

Дар муроҷиат ба Шӯрои амнияти СММ президентҳои Россия, Қирғизистон ва Ӯзбекистон пешниҳод намуданд, ки ба қисмҳои шомил ба НКҲС мақоми Неруҳои ҳомии сулҳи СММ дода шавад.

28 феврал

Масъалаҳои марбут ба омодагӣ ва баргузории даври чоруми муколамаи байни тоҷиконро дар Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва муовини котиби генералии СММ Алдо Аҷелло, ки бо сафари кӯтоҳмуддати корӣ дар ҷумҳурӣ ҳузур дошт, баррасӣ намуданд.

6 март

Баъд аз гуфтушунидҳои Алдо Аҷелло тарафайн – иштирокчиёни низоъ, мухолифини тоҷик дар бораи тамдиди оташбас дар ҷумҳурӣ боз 50 рӯзи дигар, яъне, то 26 апрел, изҳор намуданд. Ҳамон рӯз Шӯрои амнияти СММ қарор дод ваколати ҳайати нозирони СММ дар Тоҷикистонро то муддати муайян дароз намояд.

19 апрел

Дар Москва бо миёнаравии фирис­тодаи махсуси Котиби генералии СММ дар Тоҷикистон Рамиро Пирис Балон вохӯрии намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мухолифин оғоз шуд. Роҳбарии ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини аввали Сарвазири ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев (ҳоло Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва мухолифинро Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ба уҳда доштанд.

26 апрел

Машваратҳо анҷом ёфтанд. Тарафҳо аҳду паймон бастаанд, ки даври чоруми гуфтушунидро 22 май дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор намуда, Созишномаи муваққатии оташбасро ба муҳлати як моҳ (то 26 май) тамдид намоянд.

19 май

Дар шаҳри Кобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо миёнаравии Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, профессор Бурҳониддин Раббонӣ (равонаш шод бод!) гуфтушунидҳои серӯзаи дуҷониба миёни роҳбари Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон (худобиомурз) Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба анҷом расиданд. Изҳороти муштараки тарафайн ба имзо расид.

22 май – 2 июн – даври чорум

Дар Алмаато созишномаи оташбас тамдид шуд.

19 июн

Дар Теҳрон гуфтушуниди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари мухолифин Саид Абдуллоҳи Нурӣ баргузор гардид. Изҳороти муштаракро имзо намуданд.

17 август

Эмомалӣ Раҳмон ва Саид Абдуллоҳи Нурӣ бо миёнаравии фиристодаи махсуси Котиби генералии СММ Протоколро оид ба шартҳои барқарорсозии сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо намуданд. Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки аз 18 сентябр даври бетанаффуси гуфтушунидҳоро бо мақсади ҳар чӣ тезтар бастани созишномаи умумӣ дар бораи барқарорсозии сулҳ ва ризоияти миллӣ доир намоянд. Аммо ин давр дар муҳлати муқарраршуда оғоз нагардид.

30 ноябр – 22 декабр – даври (бетанаффуси) панҷум

Дар шаҳри Ашқободи Ҷумҳурии Туркманистон марҳилаи якуми гуфтушуниди бетанаффуси байни тоҷикон оғоз ёфт.

 СОЛИ 1996

23 январ

Президенти Туркманистон Сафармурод Ниёзов дар Теҳрон бо роҳбари Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ вохӯрд. Дар рафти вохӯрӣ барои идомаи гуфтушуниди байни тоҷикон дар Ашқобод қарор қабул гардид. Роҳбарони мухолифин дар ин бора бо СММ дархост ирсол намуданд. 29 феврал дар васоити ахбори умум Изҳороти фиристодаи махсуси Котиби генералии СММ Ромиро Пирис Балон доир ба оғози гуфтушуниди байни тоҷикон дар Ашқобод интишор гардид.

29 январ – 19 феврал

Дар Ашқобод марҳилаи дуюми даври бетанаффус доир шуд.

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сардори ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гуфтушуниди байни тоҷикон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбак Назаров (ҳоло раиси Бунёди хайрияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) таъин гардид.

11 декабр

Дар музофоти Тахор (Афғонистон) вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари ИНОТ Саид Абдуллоҳи Нурӣ барпо гашт. Протокол дар бораи танзими вазъияти ҳарбӣ – сиёсӣ дар минтақаи даргириҳо имзо шуд.

18 – 22 декабр

Дар Москва вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари ИНОТ Саид Абдуллоҳи Нурӣ баргузор шуд. Инчунин, вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони Иттиҳоди неруҳои оппозитсияи тоҷик ба вуқӯъ пайваст.

23 декабр

Эмомалӣ Раҳмон ва Саид Абдуллоҳи Нурӣ Созишномаи даъват ба хотима додани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистонро имзо кард. Протоколро дар бораи вазифаҳои асосӣ ва ваколатҳои Комиссияи оштии миллӣ пешакӣ имзо гузоштанд. Ҳуҷҷат ба Конститутсияи (Қонуни Асосӣ) амалкунанда мухолифат надорад.

 СОЛИ 1997

 6 -13 январ

Дар Теҳрон гуфтушуниди байни тоҷикон дар бораи татбиқи созишномаҳои Москва баргузор гардид. Ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ Талбак Назаров сардорӣ кард. Тарафҳо лоиҳаи ташкили Комиссияи оштии миллиро пешниҳод намуданд. Протокол доир ба масъалаи гурезаҳо ба имзо расид. Қисман Дастуруламал дар бораи Комиссияи оштии миллӣ мувофиқа гардид. Як қатор нуқтаҳои Протоколи сиёсӣ мутобиқ гардонда шуданд.

20 – 21 феврал

Дар шаҳри Машҳади Эрон гуфтушуниди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари ИНОТ Саид Абдуллоҳи Нурӣ баргузор гардид. Дастуруламал дар бораи Комиссияи оштии миллӣ ва протоколи илова ба Протоколи «Дар бораи вазифаҳо ва ваколатҳои Комиссияи оштии миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расиданд.

26 феврал – 8 март – даври шашум

Дар Москва масъалаҳои низомии мутааллиқ ба истиқрори муҷаддад, халъи силоҳ ва пароканда кардани дастаҳои мусаллаҳи ИНОТ, ҳамчунин, тағйир додани сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гаштанд. Протокол доир ба масоили ҳарбӣ имзо гардид.

18 май

Дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон баъди гуфтушунидҳои дурӯзаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва роҳбари ИНОТ Саид Абдуллоҳи Нурӣ ду санад — Меморандуми Бишкек ва Протокол доир ба масъалаҳои сиёсӣ ба имзо расонда шуданд.

22 май

Дар Теҳрон даври хотимавии гуфтушуниди байни тоҷикон аз нав оғоз гардид. Ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ Талбак Назаров ва мухолифинро муовини аввали роҳбари ИНОТ Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода сарварӣ карданд.

28 май

Дар Теҳрон Протокол дар бораи кафолатҳои амалигардонии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон имзо гардид.

27 июн

Дар Москва, дар он ҷое, ки раванди гуфтушунид оғоз гардид, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки ба он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари ИНОТ Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва намояндаи махсуси Котиби генералии СММ Герд Дитрих Меррем имзо гузоштанд.

Таҳияи А. САМАРИДДИН