Таҷрибаи судӣ дар амалияи татбиқи қонунгузорӣ

№80 (3065) 29.06.2013

Чанде пеш ҷаласаи навбатии Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллоев ҷаласаи Пленумро ифтитоҳ намуда, изҳор кард, ки лоиҳаҳои қарорҳои Пленуми Суди Олӣ, ки ба муҳокима пешниҳод шудаанд, дар асоси ҷамъбасти таҷрибаи судӣ оид ба амалияи татбиқи қонунгузорӣ, қабул ва мавриди амал қарор гирифтани як қатор қонунҳо таҳия гардидаанд ва иҷрои онҳо барои мақомоти марбута, судҳо ва шахсони мансабдор ҳатмӣ мебошад.

Дар ҷаласаи Пленум лоиҳаҳои қарорҳо аз ҷумла: «Дар бораи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани қонунгузориҳое, ки муносибатҳоро оид ба уҳдадориҳо вобаста ба расонидани зарар ба ҳаёт ё саломатии шаҳрванд ба танзим медароранд», «Оид ба муҳлатҳои мурофиавии баррасӣ ва ҳалли парвандаҳои гражданӣ ва оилавӣ», «Дар бораи таҷрибаи татбиқи меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ оид ба мубориза бар зидди терроризм», «Дар бораи таҷрибаи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани қонунгузорӣ марбут ба интихоби чораҳои пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан, ҳабси хонагӣ ва гарав, тағйир додан ва дароз намудани муҳлати нигоҳ доштан дар ҳабс» ва ғайра мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва қарорҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳоро дар бар гирифта, қонунияту адолатро таъмин менамоянд.

Муҳтавои асосии қарорҳои Пленум аз таъмини ҳифзи судӣ ва ҷуброни зарар барои ҳар як инсон, баррасии саривақтӣ ва ҳалли дурусти парвандаҳои гражданӣ ва оилавӣ, асосҳои ҳуқуқии мубориза бар зидди терроризм, тарзи дурусти қабули қарор оид ба иҷозат додан барои ба ҳабс ва ҳабси хонагӣ гирифтани гумонбаршуда ё айбдоршаванда ва ё дароз кардани муҳлати нигоҳ доштан дар ҳабс иборат мебошад.

Дар ҷаласаи Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мудири шуъбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашӯров, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Шерхони Одина, Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Азизов, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмад Забиров, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Менглиев, аъзои Шӯрои илмию машваратии Суди Олӣ иштирок намуданд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»