Варзишгарон ба сафар омода мешаванд

№45-46 (3030-3031) 12.04.2013

ДУШАНБЕ. (Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум»)  Бино ба иттилои Кумитаи  ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  21-22 апрели соли равон бо мақсади тарғиби  намуди варзиши каратэ-кёкушинкай ва муайян намудани беҳтарин варзишгарон ҷиҳати шомил шудан ба узви дастаи мунтахаб  дар толори «Ҷашнӣ»-и шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни наврасон ва ҷавонон доир мегардад. Дар чорабинӣ ширкати дастаҳои синни 8-15 — солаи «Суғд-1», «Суғд-2», «Душанбе -1», «Душанбе-2», «Хатлон-1», «Хатлон-2», шаҳру навоҳии тобеи марказ ва ВМКБ дар назар аст. Ҳамзамон иттилоъ доданд, ки барои иштирок  дар Чемпионати ҷаҳон оид ба муҳорибаи  тан ба тан дастаи мунтахаби кишвар аз 18 то 21 апрели соли ҷорӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия  сафар мекунад. Инчунин дар Чемпионати Осиё оид ба бокс, ки аз 13 то 24  апрели соли ҷорӣ дар шаҳри  Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон  баргузор  мешавад,  дастаи  мунтахаби  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати 15 нафар иштирок менамояд.