ВКД хабар медиҳад

№93-96 (3078-3081) 29.07.2013

Дуздии ҷавоҳирот

Ба ШВКД дар ноҳияи  Сино-1 аризаи шаҳрванд Розия Катахонова ворид гардид, ки  шахси номаълум пинҳонӣ вориди манзили  истиқоматиаш шуда, аз он ҷо ҷавоҳироти  тиллоиро ба маблағи 1000 доллари амрикоӣ дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Бо гумони даст доштан ба ин дуздӣ шаҳрванд Гулбаҳор Раҳмонова дастгир ва далели шайъӣ ёфт шуд.

 

Ғоратгарӣ дар бозор

Ба ШВКД дар ноҳияи Сино-1 шаҳрванд  Раҷабмо Муҳиддинова  бо ариза муроҷиат намуд. Дар бозори «Деҳқон», воқеъ дар маҳаллаи  Гипрозем, аз тарафи  шахси номаълум тариқи зӯроварӣ аз дасти ӯ як селофан, ки дар дохилаш 3000 сомонӣ маблағ, як  адад телефони мобилии  тамғаи «Сони-Эриксон», як адад пойафзоли занона ва панҷ адад матоъҳои  занона, ҷамъ ба маблағи 5000 сомониро ташкил медод, гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Ҳамчун гумонбар дар ғоратгарӣ шаҳрванд Ҳабибулло Мирзоев дастгир гардид. Далелҳои шайъӣ аз ӯ гирифта шуданд. Тафтиши ин амали ҷиноӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»