Эҳсонкории ғайриодии Амир Хон

№59 (4165) 16.05.2020

1522958535303Ҳунарпешаи маъруфи синамои Ҳиндустон Амир Хон чанде пеш ба эҳсонкории ғайриодӣ даст зад.

Намояндагони ӯ мошини пурбореро дар маҳаллаи камбизоатони шаҳри Деҳлӣ гузошта, эълон карданд, ки ба ҳар шахси муҳтоҷ як  килоӣ орди ройгон дода мешавад. Аммо бисёриҳо ин хайрро ночиз пиндошта, ба мошин наздик нашуданд. Афроди ниҳоят гуруснаву муҳтоҷ орди ройгонро ғанимат шумурда, навбат истоданд. Вақте онро ба хона бурда, кушоданд, дар дохили орд 15000 рупия (зиёда аз 2000 сомонӣ)  хайрия низ буд, ки барои ғизои якмоҳаи оилаи иборат аз 4 нафар кифоят мекунад.

Амир Хон бо ин роҳ садақаро ба дасти ашхоси, воқеан ҳам, муҳтоҷ расонид.

С. СУННАТӢ,  «Садои мардум»