Фаъолияти нонвойхона ва гармобаҳои барқӣ қатъ мегардад

№ 30.11.2016

ГОРДУМА128 ноябри соли 2016 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеъ оид ба баррасии масоили мубрами хоҷагидорӣ, бахусус таҳлил ва натиҷагирӣ аз ҷараёни корҳои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 баргузор гардид.

Дар он раисони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назорати давлатии  энергетикӣ, сохторҳои муҳандисию хизматрасониҳои коммуналӣ, ташкилоту идораҳои давлатии шаҳри Душанбе ва воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо натиҷагирӣ аз фаъолияти анҷомдодаи сохторҳои шаҳрию ноҳиявӣ вобаста ба рафъи оқибатҳои барфи аз меъёр зиёд борида, таъмини ҳаракати муназзами нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ  тадбирҳои андешидаи сохторҳои дахлдорро, хусусан дар ноҳияҳои И.Сомонӣ ва Фирдавсӣ ғайриқаноатбахш  арзёбӣ намуд ва дастур дод, ки маҳз таҳти масъулияти шахсии раисони ноҳияҳо тарҳрезии фаъолияти минбаъдаи раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳр ба мавсим қатъиян таҷдиди назар карда шавад.

Ҳамзамон, бо дарназардошти  муроҷиатҳои пайвастаи телефонӣ ба бахши навбатдории шабонарӯзии шаҳр оид ба вазъи таъминот бо неруи барқ аз ҷониби сохторҳои зертавозуни ШСХК «Барқи Тоҷик» ба сокинони ноҳияҳои Сино ва Фирдавсӣ сохторҳои ширкати зикршударо муваззаф сохт, ки дар ҳамкории пайвастаю пайгирона бо субъектҳои марбута чораҳои мушаххас андешанд.

Роҳбарони субъектҳои хоҷагидорӣ ва аҳолии шаҳрро даъват намуд, ки бо дарки масъулият ва ба инобат гирифтани талаботи истеъмолкунандагон ба қувваи барқ дар фасли зимистон истифодаи сарфакоронаву корбарӣ аз таҷҳизоти каммасраф ва технологияҳои дигари муосирро дар ҳудуди пойтахт таври ҳатмӣ ба роҳ монда, бо  сӯзишвориҳои алтернативӣ гарм кардани манзилҳои индивидуалӣ ва пардохти саривақтии ҳаққи барқро таъмин созанд.

Инчунин, баҳри сарфаи неруи барқ дастур дода шуд, ки  фаъолияти нонвойхонаҳо ва гармобаҳои барқиро қатъ намуда, бо пешгирии омилҳои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ, пурзӯр намудани тадбирҳои зиддисӯхторӣ, ҳолати бо сӯзишвориҳои алтернативӣ гарм кардани манзилҳои индивидуалии сокинон мавриди санҷиш қарор дода шавад.

Бо дарназардошти дар мавсими пешорӯ ба фаъолият шурӯъ кардани иқтидорҳои навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии №2-и ШСХК «Барқи Тоҷик»  ва дар таносуби ноҳияҳои шаҳр ба нақша гирифтани гармитаъминкунии 1242 иншоот, ки аз он 1082 ададашро биноҳои бисёрхонагии манзилӣ ташкил медиҳанд, аз прокуратураи шаҳр хоҳиш карда шуд, ки ҳолати воқеии аз ҷониби раисони ноҳияҳо бо ҷалби соҳибмулкон омодасозии иншооти зикрёфта барои қабули гармии мутамарказ,  дақиқ санҷида  шавад.

Маҳмадсаид Убайдуллоев аз холатҳои ҷой доштани истифодаи нерӯи гармии интиқолшаванда ба биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ҳамчун оби гарм барои эҳтиёҷоти маишӣ аз ҷониби бархе аз истеъмолкунандагон интиқод намуда, зикр сохт, ки сохторҳои дахлдор дар пешгирии ин амалҳо, ки оби техникӣ барои саломатӣ ва истифодаи маишӣ зараровар  аст, корҳои фаҳмондадиҳоро  миёни аҳолӣ пурзӯр ва таъкид намоянд, ки аз нигоҳи технологӣ Маркази барқу гармитаъминкунӣ танҳо барои истеҳсоли гармӣ, на таъмин бо оби гарм нигаронида шудааст.

Дар ҷаласа, инчунин масъалаҳо оид ба таъмини нақшаҳои захираи маводи ниёзи аввалия, ғановати бозори истеъмолӣ, фаъолияти муназзами муассисаҳои иҷтимоӣ дар мавсим, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, интизоми меҳнат ва баррасии саривақтии муроҷиати шахсони воқеию ҳуқуқӣ, таҷдиди назар кардани фаъолияти сохтории Корхонаи воҳиди  давлатии таҷрибавии илмию истеҳсолии «Сабзкорӣ»-и  Мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, тавсеаю тақвияти фаъолияти сохторҳои дахлдор оид ба дарахтшинонӣ, сабзкорӣ ва ободонӣ, «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» бо муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ, боғи устод Рӯдакӣ, хиёбонҳои Рӯдакӣ, Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои А. Дониш, С. Айнӣ, Н. Қарабоев ва дигар кӯчаю хиёбонҳо иҷрои нақшаи андозсупорӣ, пешгирии амалҳои коррупсионӣ, истифодаи таъинотии маблағҳои буҷетӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳбудбахшии вазъи санитарию эпидемиологӣ ва омодагиҳо ба иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ки дурнамои фаъолияти шаҳр ва сохторҳои марбутаи онро дар соли 2017  тасдиқ хоҳад намуд,  матраҳ гардиданд.

Ш. Саидов