Фаъолияти «Вт-Силк» тавсеа ёфт

№81 (4031) 06.07.2019

Бино ба иттилои сардори Идораи абрешимчигии Суғд Парвиз Бекматов, дар вилоят 284 тонна пилла ҷамъоварӣ шудааст, ки 70,1 фисади нақшаро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 4,6 фоиз зиёд мебошад.

Дар миёни 12 ноҳияи кирмакпарвар соли равон кирмакпарварони ноҳияи Деваштич ҳосили рекордӣ парвариш карда, ба ҷои 5,7 тонна 9 тонна пиллаи хушсифат ба даст оварданд.

- Дар солҳои соҳибистиқлолӣ бори нахуст ба чунин муваффақият ноил шудем, — гуфт сардори ҶСФ «Пиллаи Деваштич» Мӯниса Файзиева. — Сабаб дар он аст, ки роҳбарияти ноҳия, хоса раис Сулаймон Зиёзода, аз тақсимоти тухмии кирмак то марҳилаи ниҳоӣ назоратро пурзӯр ва дастгирии зиёд карданд.

Дар яке аз ҷаласаҳои фаъолон раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини соҳа дастур дода буд, ки «минбаъд ягон кило пилла аз вилоят берун бароварда нашавад ва пурра дар Корхонаи муштараки «ВТ — Силк» коркард шавад».

- Ин дастур моро рӯҳбаланд кард, — гуфт муовини сарвари КМ «ВТ — Силк» Матлуба Бобоева. — Тайи ду соли охир коргоҳ, бинобар набудани ашёи хом, фаъолият надошт. Айни ҳол 250 тонна пилла захира ва хушк карда шудааст. Лозим ба ёдоварист, ки қаблан хушккунии пилла дар идораҳои абрешимчигии шаҳру навоҳии вилоят сурат мегирифт. Сабаби инро сартехнолог Абдушариф Ҳоҷибоев чунин шарҳу эзоҳ дод:

- Дар дастгоҳи хушккунии коргоҳ талаботу меъёрҳои технологӣ риоя мешавад. Аниқтараш, пилла дар ҳарорати то 120 дараҷа гармӣ хушк карда мешавад, ки ин ба сифату миқдори баромади нахи абрешим таъсири мусбат мерасонад.

Бино ба гуфти ӯ, аз пиллаи хом то баромадани нахи абрешим боз чанд даври истеҳсолӣ мавҷуд аст. Баъди хушк кардани пилла онро дар сехи махсус коргарон ба навъҳо ҷудо мекунанд. Ба ин амалиёт 30 коргар ҷалб гардида, рӯзе то 500 — 600 килограмм пилла ба навъҳо ҷудо мешавад.

Баъдан пухтани он ҷараён мегирад, ки пиллаи хушкидаро дар гармии аз 20 то 90 дараҷа коркард менамоянд. Сипас, риштакашиву калобаресӣ сурат мегирад.

Маъмурияти коргоҳ бо мақсади дастгирии кирмакпарварон соли равон нархи пиллаи хомро дар қиёс ба соли пешин 30 фисад баланд бардошт.

Ҷоиз ба зикр аст, ки Корхонаи муштараки Тоҷикистону Ветнам «ВТ — Силк» дар ҷумҳурӣ ягона коргоҳест, ки аз пиллаи хом риштаи абрешим истеҳсол менамояд. Иқтидори истеҳсолии он чун замони шӯравӣ коркарди 500 тонна ашёи пурқимати саноатӣ дар 1 сол боқӣ монда, маъмурият тасмим гирифтааст, соли равон хатти технологии коркарди пилларо ба кор андозад.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ, «Садои мардум»