Солҳои 2019-2021 - «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Файзи қадами Пешвои миллат

№42 (3992) 16.04.2019

Бузургон дуруст фармудаанд, ки «Қадами подшоҳ пурфайз аст».

Дурустии ин ҳикматро зимни сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии кишвар мушоҳида мекунем. Ҳар ҷое Пешвои миллат қадам мегузоранд, он ҷо обод ва сарсабз мешавад.

Чанде пеш зимни сафари кориашон ба вилояти Суғд Пешвои миллат ба деҳоти ба номи Ҳ. Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварданд. Он деҳаҳои ба шаҳри Хуҷанд ҳамсарҳад — Рӯмону Пуличуқур, Шайхбурҳону Кулангирро фаро мегирад, ки зиёда аз 40 ҳазор нафар аҳолӣ дорад. Дар он шахсиятҳое, ки барои халқу давлат хидматҳои шоиста кардаанд, хеле зиёданд. Танҳо овардани ин далел кофист, ки аз ин диёр се шоир — Аминҷон Шукӯҳиву Аскар Ҳаким ва Нурмуҳаммад Ниёзӣ ба гирифтани унвони баланди Шоири халқии Тоҷикистон сазовор гардидаанд. Ҳунармандони шинохта Маъруфхоҷа Баҳодурову Мирзонаҷмиддин Раҳимов барои хидматҳои арзанда дар рушду нумӯи санъати миллӣ ба унвони Ҳофизи халқии Тоҷикистон сазовор шудаанд. Маъруфхоҷа Баҳодуров ҳатто бо унвони Ҳофизи халқии Ӯзбекистон низ мушарраф гардидаанд.

Пешвои миллат дар деҳоти мазкур ба фаъолияти се иншооти ҳаётан муҳим оғоз бахшиданд. Нахуст беморхонаи муосир бо 120 кат, ки иборат аз шуъбаҳои муолиҷавию ҷарроҳӣ буд, ба истифода дода шуд, ки орзуи деринаи табибону сокинон буд. Сипас, Парчами миллиро ба баландии 50 метр дар майдони назди Қасри тозабунёди фарҳанги ҷамоати деҳот барафрохтанд, ки дар байни деҳоти ноҳия ягона аст.

Пешвои миллат дар мулоқоташон бо сокинони деҳа зикр намуданд, ки ҳар сокини кишвар бояд, пеш аз ҳама, Ватани худро дӯст дорад ва баҳри ободии он кӯшиш кунад.

- Зиндагии инсон бо каму беш мегузарад, — гуфтанд Пешвои миллат. — Дар ҳама ҳолат бояд Ватан, халқро дар мадди аввал гузошт. Хидмате, ки барои халқ кардед, манфиате, ки ба Ватан расонидеду сабаби ободиву сарсабзӣ, пешравию шукуфоӣ гардид, номатонро ҳазорсолаҳо зиндаву ҷовид нигоҳ медорад.

Арҷгузории Пешвои миллатро ба хизматҳои шоистаи насли калонсол борҳо шоҳид шудаем. Он эҳтироме, ки баъди поён ёфтани барномаи фарҳангӣ Пешвои миллат нисбат ба пирони кор ба ҷо оварданд, шоистаи таҳсину офарин аст. Ҷаноби Олӣ дасти шахсиятҳои ба халқу Ватан хидматкарда — Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Иброҳимҷон Бобоҷонов, Аълочии Прокуратураи ИҶШС, яке аз муаллифони Конститутсияи кишвар Тӯхта Почомуллоев, соҳибкори номӣ Амон Абдуллоев, оне, ки аз ҳисоби худ барои халқ кӯпруке болои дарёи Сир сох­та, ба истифодаи ройгон дод, собиқ раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, вакили халқ, иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Муродҷон Тоҳиров ва дигаронро фишурда, гарму ҷӯшон аз ҳолашон пурсон шуданд…

Чанд рӯз қабл ба тамошои қас­ри навбунёд рафтам. Майдони Парчами миллӣ пур аз хурду калон буд. Он воқеан ба ҷойи тамошову сайругашти мардум табдил ёфтааст. Бинои нави беморхона чунон зебову назаррабост, ки ба дилҳо шодиву ба дидаҳо нур мебахшад. Худ ба худ гуфтам, ки ин ҳама аз файзи қадами Пешвои миллат аст.

Мирзоаъзам Мақсудов, «Садои мардум»