Фархор. Бунёди 30 муассисаи таълимӣ дар 29 сол

№142 (4248) 24.11.2020

Тӯли 29 соли Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Фархор 30 муассисаи таълимӣ ва даҳҳо синфхонаи иловагӣ ба истифода дода шуд.

Бино ба иттилои мудири шуъбаи маорифи ноҳия Хайрулло Шоҳимардонзода, соли ҷорӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Хуршед Нозимов дар шаҳраки Фархор муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 барои 1000 ҷойи нишаст дар як баст ва аз ҷониби соҳибкор Диловар Муҳиддинов МТМУ №38 дар деҳоти «Ғайрат» барои 800 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор гирифт. Сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди 19 муассисаи таълимии дигар идома доранд.

То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ 14 мактаби типи нав бо фарогирии 7 ҳазору 480 ҷойи нишаст, дар назди 14 муассисаи таълимӣ 56 синфхонаи иловагӣ барои 1600 ҷойи нишаст ва 2 муассисаи томактабии хусусӣ сохта  мешавад. Маҷмӯан, то соли 2021 дар Фархор барои зиёда аз нуҳ ҳазор ҷойи нишаст мактаб бунёд мегардад.

Айни замон дар ноҳия 70 муассисаи таълимӣ бо фарогирии 38 ҳазору 672 нафар хонанда фаъолият дошта, ба онҳо 2 ҳазору 778 омӯзгор таълим медиҳанд.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»