Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фархор. Бунёдкорӣ ба марҳилаи сифатан нав ворид гардид

№81 (4031) 06.07.2019

maxresdefaultМудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор Саидобид Ҳафизов иттилоъ дод, ки дар се соли оянда бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд ва азнавсозии 324 иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Бунёди майдони Парчам ва Нишони давлатӣ дар маркази ноҳия, чароғонкунии 73,6 км кӯчаҳо, бунёди 11 муассисаи таълимӣ барои 7480 хонанда, 56 синфхонаи иловагӣ дар назди 14 муассисаи таълимӣ барои 1400 ҷойи нишаст, 2 муассисаи томактабии хусусӣ, 5 майдончаи варзишӣ, 5 маркази саломатӣ, 9 бунгоҳи тиббӣ, таваллудхона, 11 дорухона, 8 ҳаммоми замонавӣ, 15 коргоҳи дӯзандагӣ, 3 кошонаи ҳусн, 34 сартарошхона, 5 бинои маъмурӣ, 2 китобхона, 76 мағоза ва марказҳои савдо, кохи фарҳанг, корхонаи афшураи меваю сабзавот аз ҳамон ҷумлаанд. Ҳамчунин, таҷдид ва барқарорсозии системаи бообтаъминкунии шаҳраки Фархор, ба гардиш ворид кардани 320 гектар замини аз гардиш берунмондаи мавзеи Кокул, сохтмони маркази саломатӣ дар деҳаҳои Fайрат ва Fалаба, бинои комендатураи сарҳадӣ, бинои маъмурии шуъбаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра дар назар аст.

Бояд қайд кард, ки 5 моҳи соли 2019 аз 28 бинову иншооти банақшагирифташуда дар 4 иншоот сохтмон ба анҷом расид. Тибқи иттилои масъулин, соли 2021 дар ҷамоати шаҳраки «Фархор» 64 иншоот, ҷамоатҳои деҳоти «Фархор» — 21, «Fайрат» — 29, «Деҳқонариқ» — 35, «Гулшан» — 32, «Дарқад» — 4, «20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» — 29 ва ҷамоати деҳоти «Fалаба» бунёди 23 иншоот ба нақша гирифта шудаанд. Дар маҷмӯъ, дар Фархор аз моҳи июни соли 2018 то июни соли 2019 дар 207 иншоот корҳои сохтмонӣ шурӯъ гардида, сохтмони 50 адади он ба анҷом расид.

Дар робита ба ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат, сохтмони корхонаҳои коркарди шир ва дӯзандагӣ барои 50 ҷойи корӣ, бо маблағгузории Давлати Қувайт дар шаҳраки Фархор идома дошта, бояд то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.

Исломи РАҶАБАЛӢрӯзноманигор