Фархор. Шахсони саховатманд 146,6 километр роҳро сангфарш ва 55 деҳаро чароғон карданд

№ 19.03.2020

фархор сохтмон 12Сокинони ноҳияи Фархор бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ аҳамияти ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дарк карда, дар асоси роҳнамоиву ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёдкориву ободониро пеша намудаанд.

Ҳоло дар ҳама гӯшаву канори он дигаргунӣ ба назар мерасад. Бахусус, пас аз қомат афрохтани Парчам ва Нишони давлатӣ дар даромадгоҳи асосии боғи марказӣ ва шинондани 3510 бех ниҳоли дарахтони сояафкан, 22500 адад гулу буттаҳои ороишӣ ва ба истифода додани марказҳои маишӣ – хизматрасонӣ маркази ноҳия ба шаҳраки замонавӣ табдил ёфт.

Айни замон дар деҳоти наздику дурдаст соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва сокинони ватандӯст дар ҳамдастӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба бунёди иншооти таъиноташон гуногун ва хуррамгардонии маҳал машғуланд.

Аз ҷумла, сохтмони ду маркази саломатӣ дар деҳаҳои ба номи Нурмат Сафаров ва Тоҷикистон, чордаҳ маркази савдо ва дӯкони тиҷоратӣ, маркази хизматрасонӣ, се коргоҳи дӯзандагӣ, коргоҳи дуредгарӣ, меҳмонхона, ошхона ва маркази савдо, сохтмону азнав­созии бозор, шаш майдончаи варзишӣ, чор дорухона, даҳ гармхонаи мавсимӣ, ду нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва нуқтаи шустушӯи мошинҳо, бунёди ёздаҳ синфхонаи иловагӣ дар назди панҷ муассисаи таълимӣ, азнавсозии фермаи мурғпарварӣ барои 12 ҳазор мурғ барои истеҳсоли гӯшт, коргоҳи қуму шағалбарории ҶДММ «Санг­реза» аз худшиносиву ободкории сокинон ва талошҳои масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дарак медиҳад.

Бояд гуфт, ки дар шаҳраки Фархор аз 88 бинову иншооти нақшавӣ соли 2018 сохтмони панҷ ададаш пурра ба анҷом расид. Аз сиву панҷ бинову иншооти соли 2019 банақшагирифташуда ҳабдаҳ адади он сохта шуд. Аз 39 иншооти сохтмонашон соли 2020 пешбинигардида дутои он мавриди истифода қарор гирифт. Ҳоло дар ҳабдаҳ иншоот корҳои сохтмонӣ ва дар нуздаҳ иншоот корҳои лоиҳакашӣ идома дорад.

Дар Ҷамоати деҳоти «Деҳқонариқ» аз 52 бинову иншооти дар нақша пешбинишуда сохтмони ҳашт иншоот, аз ҷумла, маркази саломатии деҳаи Арча аз ҳисоби Лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ» — и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, корхонаи коркарди пахта дар мавзеи Уртабуз аз тарафи соҳибкор Ҷамшед Сафаров, бинои таваллудхона, кандани чоҳи амудӣ, насби трансформатор ва кашидани хати оби нӯшиданӣ дар деҳаи Арча ба масофаи як километр бо дастгирии давлати Кувайт ба итмом расид.

Бо дастгирии соҳибкорони хурду миёна ва шахсони саховатпеша соли 2019 дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 146,6 км роҳҳо сангфаршу шағалпӯш ва кӯчаҳои 55 деҳа чароғон гардиданд. Дар маҷмӯъ, соли 2019 дар ноҳия 142 иншооти дорои аҳамияти иҷтимоиву иқтисодӣ ба истифода дода шуд.

фархор бино 3Мавриди зикр аст, ки барои харидории таҷҳизот, аз қабили мизу курсӣ ва тахтаҳои электронӣ, ба як қатор муассисаҳои таълимӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия 77 530 сомонӣ ҷудо гардидааст.

Инчунин, сохтмону азнавсозии хати оби нӯшокӣ ба масофаи 2 км, кандани 3 чоҳи амудӣ, насби 3 насоси обкашии ЭЦВ-10 ва 1 трансформатори 400 кв аз тарафи ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Ассалом» бо арзиши умумии 1450 ҳазор сомонӣ поён ёфт. Ҳамчунин, корҳои сохтмонии корхонаи дӯзандагӣ барои 50 ҷойи корӣ дар шаҳраки Фархор дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Дар ҳамин радиф, сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 дар шаҳраки Фархор, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 дар деҳаи Аловуддин, сардхона ва кохи фарҳанг дар деҳаи Хуррамзамини деҳоти «Фархор», синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумии №25, 36, 43 ва 5, бинои 5 — ошёнаи истиқоматӣ, бинои Раёсати молияи ноҳия дар маркази шаҳрак, дорухона, дӯкону фурӯшгоҳҳои хурду калон мувофиқи лоиҳа идома доранд. Соли 2019-ум 10 коргоҳи саноатӣ, аз ҷумла, коргоҳҳои истеҳсоли блоки сементӣ (ҶДММ «Сабоҳ- 2018»),  дуредгарӣ, фермаи мурғпарварӣ барои 12 ҳазор сар мурғ ҷиҳати истеҳсоли гӯшт, заводи қуму шағалбарорӣ ва 3 коргоҳи мевахушккунию 3 дӯкони дӯзандагӣ таъсис дода шуд.

Моҳи январи соли равон 11 иншоот — 5 бино барои ассотсиатсияҳои истифодабарандагони оби ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ва 6 иншооти таъиноташон гуногун ба маблағи 4 миллиону 841 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор гирифт. Тибқи нақша, рӯзҳои наздик дар деҳаи Сурхоби деҳоти «Ғалаба» аз тарафи соҳибкор Давлатзода Раҳматшоҳ  фермаи мурғпарварӣ барои 15 ҳазор сар мурғ ҷиҳати истеҳсоли тухм мавриди истифода қарор мегирад.

Бо эътимод метавон гуфт, ки то ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ нақшаҳои ояндасоз бо заҳмати аҳлонаи мардуми ноҳия дар амал татбиқ хоҳанд гардид.

«Садои мардум»