Фархор. Татбиқи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» беҳтар зистанро омӯзонид

№91 (4041) 27.07.2019

DSC_7477Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон 24 майи соли равон дар ноҳияи Данғара иброз доштанд, ки захираҳои мавҷудаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳанӯз ҳам дар миқёси мамлакат ба таври пурра истифода нашудаанд. Алалхусус заминҳои лалмӣ, ки барои боғу токпарварӣ ва кишти зироатҳои хӯроки чорво мувофиқанд, то ҳол пурра ва самаранок мавриди истифода қарор нагирифтаанд.

Иқдоме, ки Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» пеш гирифтааст, баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои зикршуда мусоидат мекунад. Мо — як гурӯҳ рӯзноманигорон ҳангоми сафари корӣ ба деҳаҳои зерҳадафи татбиқи лоиҳаи мазкур самаранокии онро мушоҳида намудем.

Яке аз мавзеъҳои зерҳадафи лоиҳа деҳаи Истиқлоли деҳоти «Зафар»-и ноҳияи Фархор мебошад. Аҳолии он 859 нафар буда, шуғли асосии онҳо ғаллакорӣ ва чорводорӣ аст. Вақте бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии Рушди кишоварзӣ (IFAD) татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» оғоз гардид, дар деҳа 13 марти соли 2017 Ҷамъияти чарогоҳистифодабарандагони «Меҳр» таъсис ёфт.

Муовини директори МД «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» Абдулаҳад Хоҷаев иброз дошт, ки дар доираи маблағгузории грантии марҳилаи дуюми лоиҳа вобаста ба мушкилоти сокинони деҳаи Истиқлол ва дархости Ҷамъияти чарогоҳистифодабарандагони «Меҳр» ба онҳо трактори тамғаи ЮТО-1004, таҷҳизоти алафтойкунак, испор, алафдаравкунаки ротории тракторӣ, таҷҳизот барои коркард ва бастубанди меваю сабзавоти хушк, симтӯру пояҳо барои барқарорсозии чарогоҳ, 300 қуттии махсуси сарфакунандаи об («Waterbox»), 15 қушқори зоти ҳисорӣ дастрас карда шуд.

- Деҳа дар баландии 720 метр аз сатҳи баҳр қарор дошта, масоҳати умумии заминҳои он 1626 гектарро ташкил медиҳад, — мегӯяд раиси Ҷамъияти чарогоҳистифодабарандагони «Меҳр» Маҳмадсаид Холиқов. — Саршумори чорвои аҳолии деҳа зиёда аз 5000 сарро ташкил медиҳад. То солҳои наздик аз сабаби нарасидани техника ва мошинолоти кишоварзӣ аҳолии деҳа кишт, коркард ва ҷамъоварии зироатҳои хӯроки чорворо сари вақт ба анҷом расонида наметавонистанд. Баъди аз ҷониби МД «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» бо техника таъмин шудан маҳсулнокии майдонҳои ғалла ва чарогоҳҳо беҳтар шуда, бисёр мушкилот ҳалли худро ёфт.

Номбурда зикр намуд, ки ба шарофати лоиҳа мафкураи сокинони деҳа дигар гашт. Хушзоткунии чорво оғоз гардид. Соли равон сокинони деҳа бо трактори дастрасшуда оқибати селро ба осонӣ рафъ намуданд. Илова бар ин, барои хушк намудани мева дар сехи мевахушккунии деҳа аз деҳоти «Сарихосор»-и ноҳияи Балҷувон себ ҷамъоварӣ карданд. Барои ин намуди маҳсулот аллакай аз шаҳри Исфара харидорон мароқ зоҳир намудаанд.

Дар доираи лоиҳа моҳи апрели соли 2018 як гектар боғи настаран (хулул, хуч) бунёд шуд. Тавре агрономи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» Юсуф Муродов иброз дошт, соли равон ниҳолҳои настаран аллакай ба ҳосил даромадаанд. Порсол бо мақсади самаранок истифода бурдани замин байни қаторҳо ҳандалак кишта, ҳосили хуб рӯёниданд.

- Ин замин асрҳо зери офтоби сӯзон бекор хоб буд. Сокинони деҳа дар амал диданд, ки бо андаке маблағу меҳнат сарф намудан аз он даромад гирифтан мумкин аст. Ҳоло як кило настаран 8-10 сомонӣ буда, корхонаҳои дорубарорӣ ба он таваҷҷуҳи зиёд доранд. Ниҳолҳои настаранро аз хоҷагии ниҳолпарварии шаҳри Ваҳдат овардем, ки 98 фоизаш сабз шуд. Сокинони деҳаҳои атроф боғи мазкурро дида, боварӣ ҳосил намуданд, ки дар замини лалмии онҳо низ бо ҳамин усул настаран, тут ва олуболу нашъунамо хоҳад кард, — мегӯяд Юсуф Муродов.

Ҳамоҳангсози лоиҳа Турақул Муродов моро бо фаъолияти корхонаи мевахушккунии деҳа ошно намуда, гуфт, ки яке аз самтҳои асосии фаъолият таъсиси «Гурӯҳи даромадовар барои занон» мебошад. Онҳо дар корхона себ, олу, настаран ва олуча хушк карда, маҳсулоти тайёрро бастабандӣ мекунанд. Бо мақсади мутобиқ шудан ба бозор мутахассис оид ба рушди тиҷорат фаъолият дорад. Ӯ бозорро омӯхта, баҳри ба мағозаву дӯкон ва марказҳои савдо баровардани маҳсулоти корхона мусоидат мекунад.

Сокини деҳа Моҳсафар Тоҷиддинова аз он изҳори хушҳолӣ кард, ки ба шарофати лоиҳа занони деҳа соҳиби ҷойи кор шуданд. Ду сол мешавад, ки бонувон бо нигоҳубини настаран машғул буда, байни қаторҳои он картошкаю полезиҳо кишт мекунанд.

- Қаблан ғайр аз алафҳои худрӯй ва ғаллаи лалмӣ дар деҳа чизе намерӯид. Алаф як ваҷаб нашуда, чорво онро мехӯрду дашт соли дароз заб-зард менамуд. Ҳоло дидани боғи сабзи настаран ба дидаҳо нур мебахшад. Аллакай таҷрибаи бунёди боғро дорем ва кӯшиш мекунем, ки дар сарсабзии диёр ҳисса гузорем, — мегӯяд Моҳсафар Тоҷиддинова.

Ҳоло дар деҳаи Истиқлол бо истифода аз дастгоҳи обёрикунандаи «ветербокс» парвариши писта ба роҳ монда шудааст. Он рӯз дур нест, ки ҳосили он ба бозорҳои мамлакат роҳ ёбад.

Сайфиддин СУННАТӢ«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ