Фарёдҳо аз ёдҳо

№30-31 (4292-4293) 06.03.2021

ЭзохКоғазҳоро тагурӯ мекунам. Нишони умри рафта ва дӯстони тарки дунёи фонӣ гуфтаро меҷӯям. Билохира, нигоҳи кунду хираам болои саҳифае қарор мегирад. Бо азоб сатрҳои саросема навиштаамро мехонам:

«Бо қарори Шӯро-комиҷроияи ноҳияи Тоҷикобод сарварии хоҷагии «Ҳаёти нав» ба зиммаи депутати халқии ИҶШС, мудири фермаи рақами 1 — Сониябибӣ Муҳаббатова гузошта шуд. Ҳоло хоҷагӣ дар ихтиёр 1800 сар гов, 5 ҳазор гӯсфанд дорад. Кишоварзон дар майдони 160 гектар картошка, 50 гектар сабзӣ, 160 гектар ғалла кишт намудаанд».

Овозаи ҷавонзани заҳматкаши ҳамдиёрамро барвақт шунидам. Мардум дар бораи корномаҳояш бо ифтихор гап мезаданд. Фермаи вай на танҳо дар ноҳия, балки берун аз он машҳур шуда буд. Аз афзудани саршумори говҳои ширдеҳ ва равғаннокии шири истеҳсолнамудаи онҳо мегуфтанд. Аз кордониву истеъдоди роҳбарии зани одии тоҷик мегуфтанд.

Вақте дар мактаби миёнаи деҳа омӯзгор будам, ба суроғаш рафтам. Гуфтанд, ки ба чарогоҳи тобистона рафтааст. Мехостам ӯро аз наздик бинаму суҳбат кунам. Шавқи дидори зани соҳибис­теъдод оромам намегузошт.

Ӯро дар дараи Навободи Ясман пайдо кардам. Савори саманди ҷавмаст тарафи қароргоҳи коргарони ферма мерафт. Маро диду аз асп пиёда шуд. Табъаш болида буд. Суҳбати мо дар сари роҳ оғоз ёфт. Дар бораи дастовардҳои ҳамкоронаш бо муҳаб­бат сухан гуфт. Ба қароргоҳ омадему занҳо ба пешвози ӯ баромаданд.

- Аз нахустин вохӯрӣ бо духтари ҷасури кӯҳистонӣ лавҳа навиштам. Шогирдона буд, вале дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» чоп шуд.

Дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» кор мекардам. Дар кишвар боди бозсозӣ вазидан дошт. Дигаргуниҳои мамлакат ба пешрафти хоҷагии халқи кишвар латма зад. Дар аксар хоҷагиҳо мардум ҳавсалаи кор надоштанд. Пайи иҷрои вазифа ба ноҳияи нав­таъсиси Тоҷикобод сафар кардам. Ба суроғи Сониябибӣ рафтам. Ӯро дар бемористон дидам. Дами дари шуъбаи ҷарроҳӣ нишаста буду сукут меварзид. Бори вазнини ғам пайкари зебояшро хам карда…

Рӯзгори хуше дошт Сониябибӣ. Танҳо Худо ба вай фарзанд надод. Ин имтиҳони қисмат ӯро ҳамеша заҷр менамуд. Агарчи пеши касе лаб намекушод, дилаш пур аз ғаму дард буд. Рӯзе, ки дар хонаи додараш Дониёр писар ба дунё омад, ба ҷои ҳама хурсандӣ кард. Ашки шодӣ рӯи рухсораҳояш мавҷ мезад. Ба писарак Дӯстмурод ном гузоштанд ва тарбияашро ӯ ба зимма гирифт. Ба хотири Сониябибӣ тифлаки навзодро ба оғӯшаш доданд. «Худо ба ӯ фарзанд надод, бигзор Дӯстмурод ба ҷои фарзандаш бошад, — гуфтанд пирони рӯзгордида. — Армону ҳавасашро бо ин тифлаки шӯху беқарор шиканад…».

Не! Қисмат бори дигар иродаи оҳанини ин занро санҷиданист. Бо он ҳама саб­ру бардошт оё ба дарду ғами нав тоб меорад? Ҳоло дами дари беморхона сукут варзидааст. Дар зоҳир ором аст, аммо аз нигоҳаш пайдост, ки вуҷудашро оташе месӯзад. Оташи дарду ҳасрат, чанд рӯз боз Дӯстмурод бемор аст. То Душанбе рафт, аммо табибон оҷиз монданд. Ҳоло ӯ яқин медонад, ки Дӯстмуроди вай аз чанголи гирои марг наметавонад раҳо ёбад. Медонад, ки бачаи хушрӯяки вай, ки аз сад гул як гулаш ҳанӯз нашукуфтааст, дигар сари по намехезад. Аммо худро тасаллӣ медиҳад. Ҳайҳот…

Он рӯз, ки аз сарвари хоҷагӣ таъин шуданаш дарак ёфтам, хостам ба табрикаш равам. Вале ҷуръат накардам. Қудрати онро надоштам, ки ӯро зери бори ғаму дард бинам. Оқибат ба қарор омадам.

Қабулгоҳ пури одам буд. Муддате он ҷо таъхир кардам. Нохост овози шинос боз сӯи хешам хонд.

- Раисаро меҷӯӣ?

Ба қафо баргаштаму чашмам ба ҷавони шинос афтод.

Ҷавон ба дафтари кории сардор даромаду як дақиқа пас маро ба дарун даъват карданд. Ӯ пушти мизи корӣ нишаста буду атрофаш чанд нафар. Меҳмонҳо кӯшиш мекарданд, ки илоҷе ёфта, аз роҳбар бештар картошка гиранд. Овозаи картошкаи хушсифати хоҷагӣ ба дуру наздик паҳн шудааст. Вале раис истодагарӣ мекард.

- Барои ман пули бисёр лозим не, — бо ханда мегуфт ба онҳо. — Раиси комиҷроияи шаҳр омада буд. Ба вай ҳамаи гапро гуфтам. Ҳоли кишоварзонро бо чашматон дидед. Бо ин ҳама заҳмат на либоси бутун доранду на хӯрок. Як ҷуфт калӯшро даҳ сӯм мехаранд. Ба ҷои пул агар мол меовардед, аз шумо хурсанд мешудам.

Оқибат меҳмонҳо розӣ шуданд. Розӣ шуданд, ки агар нархи муқаррарӣ арзонтар карда шавад, онҳо як миқдор маҳсулоти саноатӣ ва қанду орд мефиристанд…

- Ҳамин рӯз ҳамроҳи ман сари заминҳо мегардем, — хомӯширо халалдор кард раис. — Деҳқонбача бошӣ ҳам, аз кори деҳқонӣ бехабарӣ. Биё додар, заҳмати кишоварзонро аз наздик бубин.

Ҳамроҳаш ба мошин нишастам…

Мактабро хатм карду анъа­наи оилавиро вайрон. Барои кор ба ферма нарафт, агарчи айёми мактабхонӣ таътилро ҳамроҳи хоҳарони калониаш дар ферма мегузаронд. Аммо сабаби нарафтанаш дигар буд. Аз ҳисоби ҷавонҳо дар хоҷагӣ бригадаи махсус ташкил карданд. Ба ҳамон бригада узв шуд. Онҳо ба боғдорӣ машғул буданд, вале гоҳи ҷамъоварии хошок фаъолона ба чорводорон кумак мерасонданд. Нишондодҳои беҳтаринро дар ноҳия ба даст оварданд. Сониябибӣ даҳ соли умрро дар ин бригада сарф кард. Оқибат меҳри чорводорӣ ӯро маҷбур намуд, ки ба пайроҳаи хоҳарони калониаш қадам гузорад.

Дар ҳама бригадаҳо кор ҷӯш мезад. Марду зан аз пайи ҷамъоварии ҳосил. Баъзе аз заминҳо ҳосили дилхоҳ надоданд. Ин ҳолат табъи раисро боз хира намуд. Дар бригадаи Қурбоналӣ Талбонов каме маътал шудем. Занҳо бо раис суҳбат кардан мехостанд.

Баъди суҳбат бо деҳқонон табъи раис кушода шуд ва бе ҳеҷ кунҷковӣ дар бораи нақшаҳои оянда сухан оғоз кард.

- Агар умр боқӣ бошад, корҳои зиёдро анҷом додан мехоҳам, — гуфт ӯ. — Ният дорам чанд ҷуфт барзагови корӣ ташкил кунам. Дар мо замин бисёр. Агар замини дар баландӣ ҷойгирифтаро ба аҳолӣ тақсим кунем, онҳо ҳам худро бо ғалла таъмин мекунанду ҳам як қисмаш дар анбори хоҷагӣ захира мешавад. Вақт нишон медиҳад…

Ҳоло дар ҳаёти мо проблемаҳо ниҳоят зиёданд. Ноҳияи навтаъсиси Тоҷикобод сарҳади муайян ҳам надорад. Чанд сол пештар роҳбарони «дилсӯзи» ноҳия як қисми ҳудуди ба собиқ ноҳияи Тоҷикобод тааллуқдоштаро барои хурсанд кардани ҳамсояҳо ба ноҳияи Ҷиргатол доданд. Чарогоҳҳои дар ҳудуди Ясмандара буда, ба ихтиёри ноҳияи Ғарм гузаш­танд. Чорвопарварон аз ин рӯ имсол хеле азобу машаққат кашиданд.

- Раиса, медонам вазъи рӯҳии шумо вазнин аст, — оҳиста гуфтам дами хайрухуш ба ӯ. — Дар зиндагӣ ҳар воқеа шуданаш мумкин. Дар урфият мегӯянд, «зиндагӣ бо талхиву шириниҳояш, бо ғаму шодиҳояш барои инсон лаззат дорад». Инсон дар ҳама ҳолат бояд шукрона кунад.

- Рост мегӯӣ, додар, — бо чеҳраи ғуборолуд посух дод ӯ. — Ҳамаашро медонам. Шукр мекунам, ки кор ҳасту ба он андармон мешавам, дар акси ҳол намедонам аҳволам чӣ мешуд. Намехоҳам одамон бидонанд, ки ғамҳои зиндагӣ озорам медиҳанд. Ҳакиме фармуда:

Агар ту шодмон бошӣ, чӣ нуқсоне расад ғамро,

Вагар худро кушӣ аз ғам, чӣ нуқсон шодмониро.

- Ягона тасаллои дилам, умеду орзуям дар зиндагӣ меҳнати ҳалол ва хизмати софдилона ба мардум аст, — суҳбатро хулоса кард Сониябибӣ. Касбамро дӯст медорам. Шуъбаи ғоибонаи Донишкадаи аграриро хатм кардам. Нозукиҳои касбамро омӯхтам. Барои хизматҳоям сазовори мукофотҳои давлат шудам. Ду ордени «Шараф», ордени «Байрақи сурхи меҳнат», 3 Грамотаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии СССР ва дигар мукофотҳои хотиравӣ подоши заҳматҳои як духтари деҳотист. Мардум ба ман бовар карданд ва маро ду даъват депутати Совети Олии ИҶШС интихоб карданд, аммо қисмат бароям на ҳама хушбахтиро бахшид. Бахилӣ кард…

Соли 2000 шунидам, ки Сониябибӣ Муҳаббатова дар садамаи нақлиёт ба ҳалокат расид. Ӯ он вақт баҳори 52-юми ҳаётро пешвоз мегирифт.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»