Форуми байналмилалии сармоягузорӣ дар Кӯлоб

№ 20.06.2019

13-14 июни соли равон дар шаҳри Кӯлоб Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб — 2019» баргузор гардид, ки дар он намояндагони Россия, Ӯзбекис­тон, Чин, Қазоқис­тон ва соҳибкорони кишвар иштирок намуданд.

Дар он раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода ва муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода пешравиҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлобро рӯнамоӣ карда, вобаста ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта, бахусус, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, норасоии оби полезӣ зарурати сохтмону таъмири муассисаҳои таълимию тиббӣ ва роҳҳо, норасоии инфрасохтори муосири сайёҳӣ, мушкилоти хизматрасонии коммуналӣ ва партовҳои сахти маишӣ пешниҳодҳои ҷолиб ироа карданд.

Исломи РАҶАБАЛӢ, рӯзноманигор