Хабарҳо аз кишвар

№43 (3189) 28.04.2014

Кумак ба зарардидагони офати  табиӣ идома дорад

ДУШАНБЕ. (Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум») Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо иттилоъ доданд, расонидани кумак ба зарардидагони ноҳияҳои Шӯрообод, Восеъ ва Хуросони вилояти Хатлон идома дорад. Кумаки Кумитаи мазкур аз хайма, орду равған, шакару биринҷ ва дигар маводи зарурӣ иборат мебошад. Ҳамчунин аз ҷониби вазорату идораҳо, муассисаву ташкилотҳои дигар ва соҳибкорони ватанӣ ба оилаҳои зарардида кумаки моддиву молӣ расонида мешавад. То 22 апрели соли равон маблағи умумии кумак ба ноҳияи Хуросон 124 ҳазору 136 сомониро ташкил дод.

 Фархор дар арафаи анҷоми кишти пунбадона

КӮЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Пахтакорони    навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон то имрӯз дар майдони  беш аз 20 ҳазор гектар кишти хушсифати  пунбадона гузаронидаанд, ки ин нишондод баробар ба 59, 1 фоизи нақшаи дурнамост.Онҳо мақсад доранд, ки майдони киштро то ба 34300 гектар расонанд. Дар кори муташаккилона ба роҳ мондани маъракаи кишт саҳми пахтакорони ноҳияҳои Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Данғара ва Восеъ қобили зикр аст. Алҳол кишоварзони ноҳияи Фархор дар арафаи анҷоми маъракаи кишти пунбадона қарор доранд. Онҳо ният доранд, ки дар майдони 10800 гектар пунбадона кишт намоянд.

 Содирот фоида меоварад

ҚУМСАНГИР. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»)  Чанде қабл бо мақсади вусъати ҳамкорӣ ва бастани шартномаҳои барои тарафайн судманд як гурӯҳ роҳбарони корхонаҳо, соҳибкорон ва кормандони Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия ба ин ҷо ташриф оварданд. Меҳмонони россиягӣ дар доираи сафари кории худ бо маҳсули дастранҷи кишоварзон, аз қабили лимӯ, пиёз, сабзӣ, картошка ва дигар маҳсулоти пешпазак бевосита дар сари замини деҳқонон ошно шуда, ба сифати онҳо баҳои баланд доданд.

Тавре намояндаи Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия М. В. Кораблин зикр намуд, маҳсулоти кишоварзие, ки дар Тоҷикистон, аз ҷумла Хатлонзамин истеҳсол мегардад, аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, босифату хуштамъ аст. Соли ҷорӣ деҳқонони қумсангирӣ ният доранд, ки зиёда аз 35 ҳазор тонна пиёз истеҳсол намоянд. Ҳамчунин  истеҳсоли картошка, сабзӣ, помидор, бодиринг, лимӯ, сирпиёз, зироатҳои полезии тарбузу харбузаро  нисбати солҳои пешин афзун гардонанд.

Ҷавонон ихтиёрӣ ба аскарӣ  мераванд

ВМКБ. (Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аввалин шуда, раиси Комиссияи даъватии ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб, муовини якуми раиси ноҳия Элназар Сатторов аз иҷрои нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ мужда расонид. Ҳамчунин комиссияҳои даъватии ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз,  Ишкошим, Рӯшон, Шуғнон нақшаи даъватро пеш аз муҳлат иҷро намуданд. Дар вилоят маъракаи даъвати баҳории ҷавонон барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Тибқи иттилои муовини Комиссари ҳарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон полковник Беҳзод Саидиброҳимов, қариб ҳар рӯз аз нуқтаи даъватии вилоят, воқеъ дар шаҳри Хоруғ, ҷавонон мувофиқи нақшаи тасдиқшуда барои хизмат  ба қисмҳои гуногуни низомӣ ба вилоятҳои Суғду Хатлон ва  ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ фиристода мешаванд.

 Бинои нави филиали ҶСК «Тоҷиксодиротбонк»

КОНИБОДОМ. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Дар шаҳри Конибодом бинои нави филиали ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд, дар маросими ифтитоҳи  бинои ин филиал раиси шаҳр Н. Обидзода ва муовини сардори ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» Қурбон Раҳматов иштирок доштанд.

Маврид ба зикр аст, ки аз соли 2006 инҷониб бонки мазкур фаъолияти худро дар шаҳри Конибодом ҳамчун маркази хизматрасонӣ ба роҳ монда, аз соли 2012 ҳамчун филиал дар хизмати сокинон қарор дорад. Дар филиали навтаъсис 20 нафар мутахассисон соҳиби ҷойи кор гардиданд.

Мулоқоти муфид

СПИТАМЕН. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Чанде пеш дар литсей- парваришгоҳи №1 мулоқоти ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маҳмадюсуф Имомов ва ҳайати ҳамроҳонаш бо хатмкунандагони мактабҳои ноҳия доир гардид. Ҷамъомадро мудири шуъбаи маорифи ноҳия М.Убайдуллоева ифтитоҳ бахшид. Сипас, дар назди ҳозирин декани факултети физика профессор Давлат Солиев сухан карда, гуфт, ки ДМТ 17 факултет дорад ва дар он 1165 нафар устодони соҳибтаҷриба, аз ҷумла 136 нафар докторони илм ва 487 нафар номзадҳои илм сабақ медиҳанд. Айни ҳол дар ин таълимгоҳ зиёда аз 20 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунанд. Маҳмадюсуф Имомов диққати ҳозиринро ба ҷалби довталабон ба донишгоҳи мазкур равона сохта, гуфт, ки маъмурияти таълимгоҳ донишҷӯёни аълохон ва ташаббускорро ҳамеша дар мадди назари аввал қарор дода, барояшон як қатор имтиёзҳо пешбинӣ кардааст.

 Ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 500 китоб тақдим шуд

ДУШАНБЕ. (Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум») Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» беш аз 500 китоб тақдим кард. Зимни тақдими китобҳо раиси Ройзании фарҳангии  Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадҳасан Санъатӣ изҳор кард, ки дар байни китобҳои тақдимшуда номгӯйи  адабиёте мавҷуд аст, ки тӯли  чандин солҳо пажӯҳиш шудаанд. Директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»  Носир Салимов ба Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон барои чунин туҳфаи арзишманд миннатдорӣ баён намуд ва изҳори умед кард, ки ҳамкориҳои мутақобила минбаъд низ давом хоҳанд ёфт. Ҳамчунин мавриди зикр аст, ки моҳи декабри соли гузашта аз тарафи Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Эрон ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон 4,5 ҳазор нусха китоб тақдим гардида буд. Дар ин бора аз дафтари матбуотии муассисаи мазкур хабар доданд.

 «Базми рақс» дар донишкада

ДУШАНБЕ. (Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»)  Дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода муаррифии ансамбли нави рақсии «Базми рақс» доир гардид. Дар он намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳунарпешаҳои машҳури ин намуди санъат, устодону донишҷӯёни донишкада ширкат доштанд.Ансамбли «Базми рақс» аз ҷониби кафедраи хореография бо роҳбарии мудири он Музаффар Искандаров ташкил ёфтааст ва онро зимни ҷамъомад эҳёи ансамбли овозадори рақсии «Бунафша» арзёбӣ карданд. Бо чунин унвон ансамбл солҳои 80-уми асри гузашта амал мекард ва дар тарбияи мутахассисони соҳаи санъати рақс саҳми арзанда гузошта буд. Он вақт ин дастаи бонуфузи ҳунарӣ  бо иқдоми Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Азиза Азимова ташкил гардида буд.

Масъули гӯша Миҷгона МИРЗОЕВА. Бо мо дар тамос бошед. Телефон:238-58-91.