Хабарҳо аз кишвар

№28-29 (3329-3330) 27.02.2015

Гурӯҳи корӣ дар шаҳру  навоҳии минтақаи Кӯлоб

Гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Муҳаммадшариф  Бобошоҳзода — мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ  ва робита бо ҷомеа, Ҷаъфар Мирзоев- сармутахассиси Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳал, Муҳаммадӣ Сафолзода- муовини директори  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаббат Гулзорова- судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли як ҳафта  дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб як силсила вохӯриҳо ба анҷом расониданд.

Гурӯҳи корӣ  бо сокинони шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Шӯрообод, Муъминобод, Балҷувон, Ховалинг, Восеъ, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Темурмалик ва Данғара вохӯрда,  бо онҳо дар атрофи  Паёми Сарвари давлат Эмомалӣ  Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи сиёсӣ ва муҳимтарин самтҳои рушди кишвар андешарониҳо намуданд.

Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»

Саҳмгузорӣ дар ҷашни ноҳия

Соли 2015 заҳматкашони ноҳия  50-солагии таъсисёбии ноҳияро таҷлил менамоянд. Барои истиқболи сазовори  ин ҷашнвора  Мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатии  ноҳияи Зафаробод тибқи нақша амалӣ намудани як силсила тадбирҳои созандагию  бунёдкориро  ба роҳ мондааст.

- Дар ин кори хайр  бояд ҳар як сокини ноҳия  саҳмгузор бошад. Ман низ, дар навбати худ,  ҳамчун як шаҳрванди ин диёр ният дорам, ки барои пешвоз гирифтани ҷашни 50-солагии ноҳия  на камтар аз панҷоҳ адад дарахтони мевадиҳандаю сояафкан шинонида,  дар ободии маҳалли худ ҳиссагузор бошам, — мегӯяд Инъом Қобилбеков — роҳбари маркази машваратдиҳии Раёсати  кишоварзии ноҳияи Зафаробод.

 Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»

Қадрдонии ҷанговарони башардӯст

  Чанде  пеш дар толори Кохи фарҳанги ба номи Ҳоҷӣ Абдулазизи  шаҳраки  Ғарм бахшида ба 26-умин солгарди рӯзи хориҷ гардидани қӯшунҳои маҳдуди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Афғонистон ҷамъомад баргузор гардид. Ҷамъомадро иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Қ. Лоиқов ифтитоҳ намуда, ба ҷанговарони башардӯст аз ҳисоби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия  туҳфаҳои пулӣ супорид.

Бояд зикр кард, ки  аз ноҳияи Рашт 73 нафар ҷавонон дар ҳайати қӯшунҳои шӯравӣ  дар Афғонистон  хизмат кардаанд.

 Диловар  ТАЛАБЗОДА, «Садои мардум»

Намоиш – фурӯши ниҳолу гулбуттаҳо

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳр бо иштироки масъулини даҳ шаҳру ноҳияи минтақа, мутахассисони соҳаи боғутокпарварӣ ва боғпарварони варзидаю ботаҷриба ярмарка-фурӯши ниҳолу гулбуттаҳо баргузор гардид.

Хоҷагиҳои ниҳолпарварии минтақа ниҳолҳои мевадиҳанда, гулбуттаҳои гуногун ва тухми зироатҳои кишоварзиро манзури иштирокчиёну харидорон намуданд. Мутахассисон ба иштирокчиёни ярмарка  доир ба тартиби шинонидану башаклдарории ниҳолҳо дар фасли зимистон маслиҳатҳои муфид  доданд.

 Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»

Маркази пешбурди тиҷорат кушода шуд

Бисту панҷуми феврали соли равон бинобар кушода шудани Маркази пешбурди тиҷорат дар назди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид зикр кард, ки  зерлоиҳаи «Дастгирии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъсис додани марказҳои пешбурди тиҷорат дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ, ташкилу гузаронидани омӯзишҳои мунтазам барои соҳибкорон» аз тарафи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ёрии Барномаи рушди СММ ва маблағгузории Ҳукумати Финландия амалӣ мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки зерлоиҳаи мазкур таваҷҷуҳи худро ба боло бурдани иқтидори тиҷоратию содиротии соҳибкорон, корхонаҳои истеҳсолии соҳаи коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ бо роҳи гузаронидани омӯзишҳои мунтазам, ҳамчунин ба расонидани ёрӣ дар пешбурди маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ бо роҳи ташкил кардани сафарҳо ва иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ равона мекунад.

 Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»

Дастурамал барои оилаҳои ҷавон

Дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  маҳфили фарҳангӣ таҳти унвони «Фарҳанги оиладорӣ» дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва рӯнамоии китоби тозанашри Дилафрӯз Қурбонӣ бо номи  «Розҳои оиладорӣ» баргузор гардид.

Маҳфилро муовини директори китобхона Ҳ. Ализода ҳусни ифтитоҳ бахшида, меҳмононро хайра мақдам гуфт. Ҳ. Ализода  дар бораи эълон доштани «Соли оила» аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол намуда, афзуд, ки  масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд вазифаи аввалиндараҷа дар ҷомеа мебошад. Баъдан,  меҳмонон- Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ, нависандаи тоҷик  Равшани Ёрмуҳаммад ва мудири бахши иттилоотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи  назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳбуба Назарова перомуни китоби «Розҳои оиладорӣ» ва кадом омилҳо имрӯз  сабабгори пошхӯрии оилаҳо мегарданд, теъдоди барҳамхӯрии оилаҳои ҷавон дар соли 2014 ҳарф заданд.

Ёдовар шудан бамаврид аст, ки китоби «Розҳои оиладорӣ» дар нашриёти «Адиб» бо теъдоди 500 нусха ба табь  расидааст.

Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»