Хабарнигори «Садои мардум» ғолиби озмуни нашрияи Ҳукумати ҷумҳурӣ гардид

№33 (4139) 17.03.2020

13 марти соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси»-и шаҳри Душанбе маросими ботантанаи мукофотсупорӣ ба ғолибони озмуни нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Народная газета» дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» баргузор гардид.

Дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Федератсияи Россия дар Тоҷикис­тон ва Иттифоқи журналис­тони Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Дар назди иштирокдорон вобаста ба  аҳамияти «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», инъикоси ин маъракаи муҳим дар воситаҳои ахбори омма сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон И. С. Лякин — Фролов, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилзода, сармуҳаррири рӯзномаи «Народная газета» Маҳбуба Камолова ва дигарон баромад карданд.

Сипас, маросими ҷоизасупорӣ оғоз ёфт. Тавре зикр шуд, озмун дар се номинатсия гузаронида шуд ва аз 40 мақолаи пешниҳодгардида нуҳ нафар сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардиданд. Ба ғолибон дар вазъияти тантанавӣ ифтихорнома, мукофоти пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд. Ҳамчунин, иштирокчиёни фаъол ва ташкилотчиёни озмун бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Боиси ифтихор аст, ки хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» Мирзоаъзам Мақсудов дар номинатсияи мақолаҳои роҷеъ ба ҳаёти деҳот сазовори ҷойи сеюм  дониста шуд.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»