Хабарнигори ТВ «Хатлон» ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ гардид

№132 (3769) 11.11.2017

Хабарнигори телевизиони «Хатлон» Давлаталӣ Шамсов дар 41-умин мусобиқаи байналмилалӣ, ки дар шаҳри Королёвои вилояти Москваи Федератсияи Россия  бо иштироки зиёда аз 1500 нафар аз Россия, ҷумҳуриҳои собиқ ­Иттиҳоди Шӯравӣ — Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Арманистон, Латвия, Литва, Эстония ва Тоҷикис­тон доир шуд, бо медали тилло ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардид. Сокини 65-солаи ҷумҳурӣ Давлаталӣ Шамсов масофаи 10 километрро дар муддати 54 дақиқаю 15 сония тай намуд.

Сулаймон Султонов,

«Садои мардум»