Халқи тоҷик ҳамеша аз истиқлолияти фарҳангӣ дифоъ намудааст

№111 (3905) 13.09.2018

Дар назди таърих бисту ҳафт сол муҳлати андак аст, аммо барои давлату миллати тоҷик ин давра ҳамчун таърихи даврони истиқлолият унвон мешавад. Таърихе, ки пур аз ифтихор, талошу меҳнати бунёдкорона баҳри пойдории Истиқлолияти давлатию миллӣ аст. Миллати тоҷик, ки баъди зиёда аз ҳазор сол соҳиби давлат гардид, бо шарофати заҳмати софдилона дар самтҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ба дастовардҳое ноил шуд, ки дар тӯли садсолаҳо ба даст наоварда буд.

Соҳибистиқлолӣ барои миллати тоҷик озмоишҳои вазнину сангинеро пеш овард. Он дар натиҷаи фитнаву дасисаҳои душманони дохилию хориҷӣ ба коми аждаҳои ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд.

Дар баробари ин, он айём ташкил ёфтани гурӯҳҳо ва маҳфилҳои сиёсии сершумор дар пойтахт ва ноҳияҳо вазъияти ҷамъиятию сиёсии ҷумҳуриро боз ҳам мураккаб гардонид. Хусусан, маҳфили сиёсии «Рӯ ба рӯ», маҳфилҳо ва созмонҳои «Растохез», «Дирафши Ковиён», «Ошкоро», «Эҳёи Хуҷанд», «Бохтар», «Суғдиён», «Пайванд», «Куруши Кабир», «Зарафшон», «Ҳисори Шодмон», «Меҳри Хатлон» хеле фаъол буданд.

Ана дар ҳамон гуна шароити вазнини таърихӣ, яъне, вобаста аз мушкилиҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ халқи тоҷик бояд Истиқлолияти кишварро дифоъ мекард. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Орзуи ба даст овардани мустақилияти миллӣ амалӣ гашт…. Ин истиқлолият ҳадяи бебаҳои таърих буда, устувору пойдор нигоҳ дошта тавонистани он масъулияти таърихии наслҳои имрӯза мебошад…

Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки тибқи он Тоҷикистон низоми давлатдорӣ, дохилию хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад.

Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад».

Барои ҳар як давлату миллат истиқлолият оғози зиндагии нав аст. Давлатҳо ҳаёти сиёсиро аз рӯзи истиқлолият оғоз мебахшанд. Халқи тоҷик дар тӯли таърих, баъди як ҳазорсола, аввалин бор соҳиби давлати миллӣ ва мустақил шуд ва ҷавонмардона онро ҳимоя кард. Тири душманони миллат хок хӯрд.

Дар тӯли бисту ҳафт соле, ки Тоҷикистон бо усули низоми демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳукумат мекунад, ба дастовардҳои беназири иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ ноил гардидааст.

Таърихи башар шоҳид аст, ки дар зарфи ҳазорсолаҳо давлати тоҷикон давраҳои шикасту барҳамхӯриҳоро пушти сар намуда, ҳар дафъа аз сари нав, мисоли мурғи Самандар аз хокистари таърих эҳё мешуд. Ин тақдири таърихии миллати мост, ки ҳеҷ халқи дигаре бо чунин рисолат ифтихор карда наметавонад. На Искандари Мақдунӣ, на Қутайба ва на Чингизхон азму иродаи истиқлолиятхоҳӣ, давлатдории тоҷиконро шикаста натавонистанд.

Як далели бисёр муҳими таърихист, ки халқи тоҷик, ҳарчанд муддате аз давлатдорӣ маҳрум шуда бошад ҳам, ҳамеша истиқлолияти фарҳангиро дифоъ намуда, онро аз даст надодааст.

Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озода Раҳмон дар мақолаи «Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — марҳилаи нави рушди давлатдории тоҷикон» оид ба Истиқлолияти давлатӣ андеша баён намуда, аз ҷумла, менигорад: «Истиқлолияти кишвар арзишмандтарин дастоварди миллию давлатист, ки халқи тоҷик онро бояд ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намуда, ҳамеша азизу муътабар донанд».

Истиқлолият нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикис­тон мебошад. Тамоми сокинони кишвар ифтихор доранд, ки бисту ҳафт сол қабл нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллиро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем.

Давраи навини давлатсозию давлатдории мустақилона моро водор сохт, ки роҳи ислоҳоти иқтисодӣ, дигаргун сохтани шакли моликият, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохторҳои нави идоракунии онро пеш гирифта, ба густариши муносибатҳои бозоргонӣ ва пайвастани низоми иқтисоди мамлакат ба набзи иқтисоди ҷаҳонӣ роҳ кушоем.

Дар даврони Истиқлолият давлати ҷавони тоҷикон дар байни ҷомеаи ҷаҳони муосир мавқеъ ва манзалати хос пайдо намуд. Ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо мамолики гуногуни олам ба роҳ монда шуданд.

Мақсади асосии низоми демократӣ дар ҷомеа, пеш аз ҳама, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, фароҳам овардани шароит барои меҳнат ва зиндагии осуда, волоияти қонун, пойдории адолат ва иштироки фаъоли мардум дар идоракунии давлат мебошад, ки ба анъанаву суннатҳои давлатдории миллӣ, арзишҳои ахлоқиву фарҳангии миллат ва дастовардҳои тамаддуни башарӣ такя мекунанд.

Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон — манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст. Бояд аз ин биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани кишвар кӯшишу ғайрат намоем.

Зубайдулло Давлатов,

Маркази тадқиқоти стратегии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон