Хатлон. 1500 сомонӣ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ тақдим гардид

№52 (4002) 09.05.2019

Ба муносибати 74-солагии Рӯзи Ғалаба ба ҳар як иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки феълан дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон шумораи онҳо ба 88 нафар мерасад, аз номи раиси вилоят Ҳакимзода Қурбон 1500 сомонӣ кумакпулӣ дода шуд.

Муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Бохтари вилояти Хатлон Саид­қул Шомалангзода зикр кард, ки имсол низ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷониби Пешвои миллат, раиси вилояти Хатлон ва раисони шаҳру навоҳӣ, шахсони саховатпеша, соҳибкорон кумакпулӣ ва туҳфаҳои молӣ расонида шуд.

Мавриди зикр аст, ки дар ҶБВ (солҳои 1941-1945) аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 300 ҳазор нафар, аз ҷумла, аз вилояти Хатлон 147 ҳазор кас иштирок карданд, ки наздик ба 40 ҳазори онҳо дар майдони ҷанг мардонавор ҳалок ё беному нишон гардиданд. Ҳамчунин, барои мардонагӣ, ҷасорат дар мубориза ба муқобили фашизм 22 нафар аз вилояти Хатлон ба унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ ва 4 нафар ба гирифтани Ордени «Шараф» сазовор дониста шуданд.

Фаромӯз БОБОЕВ, рӯзноманигор