Хатлон. 30 нафар 56750 сомонӣ ҷарима шуд

№45 (3682) 27.04.2017

«Имрӯзҳо масъалаи маводи дорувории қалбакӣ ва ба талабот ҷавобгӯй набудани он на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар бисёре аз кишварҳои дунё мавриди нигаронӣ қарор дорад. Ба табобати беморон ҳамон вақт кафолат дода мешавад, ки агар сифати доруворӣ таъмин карда шавад», -  таъкид гардидааст дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҷиҳати татбиқи ин нуктаи Паём Раёсати хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар вилояти Хатлон корҳои муайянро ба иҷро расонид. Аз ҷумла, чанде қабл барои боз ҳам беҳтару хубтар муайян намудани сифати доруворӣ таҷҳизоти замонавӣ ворид шуд ва бахши нави таҳлили микробиологӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ба андешаи сардори Раёсати хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар вилояти Хатлон Маҳмадҷон Абдулқодирзода, ин таҳлилгоҳи микробиологӣ имкон медиҳад, ки сифати доруворӣ пурра ва сари вақт санҷида шавад. То ин дам чунин таҳлилҳо дар шаҳри Душанбе гузаронида мешуданд.

Бо ибтикори раёсат чанде пеш 207 номгӯй ё ба миқдори 27 ҳазору 691 адад дорувории муҳлати истифодаашон гузаштаю бе сертификати мутобиқат дар ҳузури комиссияи салоҳиятдор ва намояндагони воситаҳои ахбори омма нобуд карда шуд.

Тибқи маълумоти дастрасшуда, мутахассисони раёсат дар се моҳи соли ҷорӣ нисбат ба 30 шахси масъул протоколи маъмурӣ тартиб дода, онҳоро ба маблағи 58 ҳазору 750 сомонӣ ҷаримабандӣ ­намуданд.

- Имрӯзҳо шумораи дорухонаҳо дар шаҳру деҳот низ афзуда истодааст, ки ин масъулияти мутахассисони раёсати мазкурро дучанд менамояд. Аз ин рӯ, онҳо корро дар асоси дастуру нишондодҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонунҳои марбута ба роҳ монда, мекӯшанд, ки доруҳои бесифат ба фурӯш  набароянд, — мегӯяд ­Маҳмадҷон Абдулқодирзода.

  Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»